МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИРИ ХОНИШ ТАЪМИН ШУДАНД

03.10.2022 10:17

 

Бо мақсади беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, азхудкунии имкониятҳои нави технологияи иттилоотӣ ва  ба ифтихори иди касбии омӯзгорон имрӯз, 1 октябр аз ҷониби раиси ноҳияи Мастчоҳ ба муассисаҳои таълимӣ беш аз 120 таҷҳизоти муосири хониш, аз қабили тахтаҳои электронӣ – 34 адад, проекторҳои мултимедиявӣ – 34 адад, ноутбуки нави замонавӣ – 34 адад, компютер – 30 адад ва мизу курсӣ барои 800 ҷойи нишаст тақдим карда шуд.

Дар тақсимоти таҷҳизоти мазкур, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир шуд, шахсан худи раиси ноҳия Аъзам Ализода иштирок намуда, ба ҳар як директори муассиса як ададӣ аз ҳар намуд таҷҳизот супурда шуд.

Зимни тақсимот Раиси ноҳия изҳор дошт, ки соҳаи маориф дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таъминоти  муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти хониш аз масъалаҳои муҳими соҳа мебошад.

Раиси ноҳия ҳамчунин бо мақсади беҳтар нигоҳдоштани биноҳои муассисаҳои таълимӣ зикр намуд, ки бо дастгирии соҳибкорон, ашхоси хайрхоҳу саховатпеша беш аз 10 ҳазор адад шифер барои нав кардани болопӯши мактабҳо харидорӣ шуда, рӯзҳои наздик тақсимоти он низ оғоз гардида, боми ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия нав карда мешавад.

Директорони мактабҳо аз ин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, хосаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ташаббусҳои созандаи раиси ноҳия Аъзам Ализода ва кумаку дастгириҳои молии соҳибкорони маҳаллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.


Дафтари матбуоти 

Раиси ноҳияи Мастчоҳ 




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter