БАРГУЗОРИИ СИТОДИ НОҲИЯВИИ “ҲОСИЛ - 2022”
Шоми дирӯз, 3 октябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ситоди ноҳиявии “Ҳосил -2022” бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода ва муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ситод масъалаи саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини якуми раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода доир ба рафти чиниши пахта ҳисобот дода, афзуд, ки ҷамъоварии ҳосил дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо маром идома дорад.
Муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо дар идомаи ҷаласа бо таваҷҷуҳ ба нишондиҳандаҳои оморӣ доир ба ҷамъоварии ҳосили пахта изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки оморҳо дар муқоиса бо дигар шаҳру навоҳии вилоят қонеъкунанда нестанд.
Зариф Мирдадо барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта кишоварзон ва раисони ҷамоатҳои деҳотро вазифадор намуд, ки аз бодуҳавои мусоид истифода бурда, қувваи иловагии кориро аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ба ҷамъоварии пахта сафарбар намоянд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия Аъзам Ализода аз сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омор, роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ ва дигар шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, дастур дод, ки ҳарчи зӯдтар ҳосили пахта аз саҳро ҷамъоварӣ карда шавад.
Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, тандурустӣ, литсею коллеҷҳо вазифадор гардиданд, ки дар рӯзҳои истироҳат ба кумаки марди деҳқон ба саҳро бароянд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ