ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
Имрӯз, 4 октябр дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти раисии прокурори ноҳияи Мастчоҳ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Абдуллоҷон Абдуллозода баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин раиси ноҳия Аъзам Ализода, раиси Суди ноҳия Алишо Қурбониён, сардори ШВКД-и ноҳия Муҳаммадӣ Қосимзода, кормандони прокуратураи ноҳия, намояндаи шуъбаи КДАМ, нозироти андоз, комиссариати ҳарбии ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Прокурори ноҳия ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар Шӯро масъалаҳои рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, вазъи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон, иҷрои қонунгузории замин вобаста ба мақсаднок ва оқилона истифода бурдани он, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо ва асосҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода мешаванд.
Доир ба масъалаи рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, вазъи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ёрдамчии калони прокуратураи ноҳия Музаффаров Суръат баромад намуда, афзуд, ки вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар давоми 9 моҳи соли равон зиёд шудааст.
Вобаста ба масъалаҳои муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон, аз ҷумла ноболиғону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, пешгирӣ намудан аз муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳии байниҳамдигарӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дуздӣ ва дигар намуд ҷиноятҳо ёрдамчии калони прокурори ноҳия иброз дошт, ки корҳои тарбиявии ҳуқуқӣ дар ин самт ҷоннок карда шаванд.
Аз ҷумла Музаффаров Суръат аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем.
Доир ба масъалаи иҷрои қонунгузории замин вобаста ба мақсаднок ва оқилона истифода намудани он, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани замин ва асосҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ёрдамчии прокурори ноҳия Ҳумоюн Раҳмонзода маъруза намуда, зикр кард, ки санҷишҳои прокурорӣ дар ин самт нишон медиҳанд, ки холимонӣ ва аз кишт дур мондани заминҳо дар ноҳия яке аз омилҳое мебошанд, ки боис ба қонуншиканиҳо дар самти замин мегарданд.
Таъкид гардид, ки соли сипаригардида 366 гектар замини корами обӣ дар ноҳия аз кишт берун монда буд. Ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами обии холимонда тибқи талаботи моддаи 142 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба холимонии заминҳо роҳ додан ба 10 адад сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, он барои баррасӣ ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ирсол гардида буд. Дар натиҷа 55 гектари он ҳамчун лалмӣ ба кишту кор фаро гирифта шуд. Вале, мутаассифона, аз ин заминҳо ҳосили ночиз ҷамъоварӣ карда шудааст.
Ҳамзамон иброз дошта шуд, ки муаммои асосии холимонии заминҳо аз танқисии оби полезӣ вобастагӣ дошта, 76 адад дастгоҳҳои обкашии мавҷудаи ноҳия, ки давра ба давра дар давоми солҳои 1960 – 1985 ба истифода дода шудаанд, хеле фарсуда ва таъмирталаб мебошанд. Заминҳои корами обӣ бошад, тавассути 178,4 километр каналҳо обёрӣ карда мешаванд, ки ин иншоотҳои обрасонӣ ба таъмири капиталӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ бошад ба азнавсозӣ ниёз доранд.
Дар идомаи ҷаласа дигар масъалаҳо ва камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, қонуншиканиҳо дар самти замин баррасӣ гардида, ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби раиси ноҳия Аъзам Ализода, прокурори ноҳия ва сардори ШВКД ноҳия як қатор дастуру супоришҳо роҳандозӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ