ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ – ГАВҲАРИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА МУҚАДДАСОТИ ТОҶИКИСТОН

05.10.2022 15:12

 

Табрикоти раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ


Ҳамдиёрони азиз!

       Бо камоли самимият ва шодмонию ифтихор ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи забони давлатӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, саодати рӯзгор, файзу иқбол, тамоми хушиҳои оламро орзумандам. Таманнои онро дорам, ки ҳаёту умри ҳар як ҳамватану ҳамзабони мо мисли забони тоҷикӣ ширину шево бошад.

       Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи панҷуми октябр ҷараён мегирад, нишони эҳтиром, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ, яъне забони бузургу беҳамтои модариамон мебошад. 

        Боиси шукргузорию сарфарозист, ки дар партави пуштибонию ғамхорӣ ва ҳидояту раҳнамоиҳои маънавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми баландро соҳиб гардида, ба сифати муҳимтарин унсури худшиносию худогоҳӣ, гавҳари ҳувияти миллӣ, муқаддасоти Тоҷикистон ва машъали фурӯзони ифтихори ватандорӣ пайвандгари наслҳову аслҳо ба шумор меравад. 

         Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

     Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст.

      Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо – тоҷикон – яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад.

       Сездаҳ сол пеш, яъне 5-уми октябри соли 2009 бо дарназардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул карда шуд.

      Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад”.

       Воқеан, дар даврони Истиқлолият барои густариш ва рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ беҳтарин шароиту имкониятҳо фароҳам гардид. Пеш аз ҳама заминаҳои ҳуқуқии пешрафти забони давлатӣ мустаҳкам карда шуд. Дар ин замина қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», тасдиқ ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди забон, аз ҷумла “Барномаи рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030”, таъсис ва фаъолияти пурсамари ниҳоди махсуси давлатӣ, яъне Кумитаи забон ва истилоҳот, ташкили Комиссияи олии аттестатсионӣ ва ҳарчӣ бештар ба забони давлатӣ таълиф ва ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ, нашри осори безаволи ниёгон, фарҳангу донишномаҳои нав, тақвияти коргузорӣ ба забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳо аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиме ҳастанд, ки аз ҷойгоҳ ва манзалати волои мақоми забони давлатӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ башорат медиҳанд. 

     Дар ин раванди ифтихорофарин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомӣ ва пуштибони асили забони модарӣ оид ба таърихи таҳаввул ва рушди забони давлатӣ беҳтарин шоҳкори илмию маънавии худ – “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро дар ду ҷилд таълиф ва ба нашр расониданд. Ин асари пурмазмун мардуми шарифи Тоҷикистонро бо сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ ҳамаҷониба ошно намуда, ҳамчун гавҳари дурахшони маънавият ақлу рӯҳ ва ҷону дили онҳоро мунаввар месозад. 

            Вобаста ба тақвияти минбаъдаи мақоми забони тоҷикӣ ва бузургдошту эҳтироми он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки: “яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи Тоҷикистон – аз хурд то бузург, равшанфикрону донишмандон, инчунин, дастгоҳи давлативу ҳукуматӣ ҳифз кардани забони бостонии зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ, тозаву ноб ва поку беолоиш ба наслҳои оянда расонидани он аст.

        Мо бояд шукрона кунем, ки истиқлоли давлатӣ барои ҷилову дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо заминаи созгор ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд”.

          Боварии комил дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳия, ки меросбарони асили фарҳангӣ, аз ҷумла забони модарию давлатиамон – забони тоҷикӣ мебошанд, ҳамеша барои тақвияти ҷойгоҳи он, поку беолоиш нигоҳ доштани ин сарвати муқаддас ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои забонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша саҳми шоистаи худро мегузоранд.

            Бо умеди пояндагӣ ва тобандагии забони давлатӣ ва бахту саодати ҳар як шаҳрванди мамлакат ман бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба ҳамдиёрону ҳамватанон табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, бахту саодат ва ифтихори баланди ватандорӣ таманно дорам.

          Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter