ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
5 октябр дар Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Музаффар Азизов иштирок намуда, таҷлили рӯзи забонро аз номи раиси ноҳия Аъзам Ализодаро ба ҳозирин табрик намуд.
Зикр карда шуд, ки “забони тоҷикӣ дар ҳама давру замонҳо дар Мовароуннаҳр ҳамчун забони давлатдорӣ ба кор рафта, яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони Истиқлоли давлатӣ низ маҳсуб меёбад. Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст.
Сипас, омӯзгори фанни забони тоҷикии коллеҷи мазкур, номзади илмҳои филологӣ Муслима Шарифова доир ба моҳияти забон ва нақши он дар рушди ҷомеа сухан ронда, иброз дошт, ки қудрати забон – қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушди ҳаёти сиёсию фарҳангии миллатҳо ба ҳисоб меравад.
Пас аз суханрониҳо як гуруҳ донишҷӯёни коллеҷ шеърҳо аз ашъори шоирони муосир дар васфи забон қироат карда, ҳамзамон саҳначаи тарбиявиеро оид ба нақши забон дар ҳаёни инсон манзури иштирокдорон намуданд.
Дар охир барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида сохт.