МАСТЧОҲ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА НАТИҶАГИРӢ ШУД
7 октябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси ноҳия Аъзам Ализода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои гуногун иштирок доштанд.
Нахуст муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ дар нуҳ моҳи соли 2022 ҳисобот дода, афзуд, ки дар ин давра сокинони шарафманди ноҳия ба дастовардҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардидаанд.
Вобаста ба иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия зикр карда шуд, ки нақшаи андозҳо дар нуҳ моҳи соли 2022 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,3 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 112 млн. 631 ҳазор сомонӣ, 112 млн. 933,4 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 302 ҳазору 400 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 дар маҷмӯъ 102 фоиз иҷро гашта, ба ҷойи 93 млн. 539 ҳазор сомонӣ, амалан 94 млн. 973 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 1 млн. 434 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Доир ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ зикр карда шуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 6342 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор бо шаҳодатнома 322 адад, патент 762 адад, шахсони ҳуқуқӣ 585 адад ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 4992 ададро фаъолият намуда истодаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 438 адад зиёд шудааст.
Айни ҳол дар ноҳия 6 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Дар ин самт, лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4” ба маблағи 5664,25 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ» ба маблағи 251,77 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал» ба маблағи 194,1 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» ба маблағи 216,75 ҳазор доллари ИМА, Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маблағгузории дуюми иловагӣ 162,50 ҳазор доллари ИМА ва Лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории COVID-2019 156,7 ҳазор доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд. Маблағҳои умумии дар доираи тадбиқи лоиҳаҳои мазкур азхудшуда 6,426,4 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар – рушди босуръати саноатикунонӣ таъкид гардид, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022 ба маблағи 132 млн. 661 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба хамин давраи соли гузашта 15 млн. 586 ҳазор сомонӣ буда, 113,3 фоизро дарбар мегирад. Корхонаҳои саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ дар шакли асл 285 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 307,6 тонна маҳсулоти ширӣ, 21,4 тонна халтаҳои полиэтанӣ, 1288,6 тонна нахи пахта, 15,4 тонна равғани растанӣ, 37,7 тонна макарон, 263 тонна маҳсулоти гуштӣ, 62,7 тонна орд, 2630440 дона маҳсулоти пластмассӣ, 305 м2 маҳсулот аз пластикаи филизӣ, 256000 дона маҳсулоти нашриётӣ, истеҳсол намудаанд.
Давоми нуҳ моҳи соли 2022 дар ноҳия гардиши савдои чакана 255 млн. 48 ҳазор сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба хамин давраи соли гузашта 25 млн. 119,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки 108, 2 фоизро дарбар мегирад.
Муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода дар идома доир ба рушди энергетика, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон, рушди инфрасохтор ва нақлиёт, рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот дода, афзуд ки нишондиҳандаҳо дар ин самт дар шаш моҳи соли равон низ назаррас мебошанд.
Сипас, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Нарзулло Боймирзоев доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ, аҳ ҷумла ҷамъоварии ҳосили пахта, кишти такрорӣ ва фаъолияти гармхонаҳо ҳисобот дод.
Зикр карда шуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 10247 тонна пахта, 15279 тонна ғалладона, 16209 сабзавот, 2660 тонна картошка, 61507 тонна полезӣ, 1293 тонна меваҷот, 41477 тонна хӯроки чорво истеҳсол карда шуд, ки вусъати афзоиш аз 100 то 114 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил дода, маҳсулоти бахши растанипарварӣ 534402,6 ҳазор сомонӣ, ё худ 123 фоизи соли 2021 баробар гардид.
Дар соҳаи чорводорӣ низ нишондиҳандаҳо дар ин давра хуб буда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор ба 59409 сар (107,6%), аз он ҷумла модагов ба 32670 сар (114,9%), гӯсфанд ва буз ба 163010 сар (110,3%), паранда ба 492873 сар (109,5%), асп ба 505 сар (102,4%) расонида шуд. Суръати афзоиш дар ин самт аз 101 то 114,8 фоизро ташкил медиҳад. Вобаста ба рушди саршумори чорво дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳаҷми 2513,6 тонна гӯшт (108,7%), 14493,4 тонна шир (105,9%), 58287 ҳазор дона тухм (143,3%) ва пашм 98 тонна (110%), пилла 1,7 тонна (131%) истеҳсол карда шудааст, ки вусъати афзоиш дар истеҳсоли маҳсулотҳои чорводорӣ аз 100,7 то 143,3 фоизро дарбар мегирад. Дар ин давра маҳсулнокии чорво низ баланд гардида, гусолагирӣ аз 100 сар ба 85 сар ва баррагирӣ аз 100 сар ба 100 сар расонида шуд.
Барои омодагӣ ба ҳосили соли 2023 дар майдони 271 гектар кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ва 11 гектар пиёзи барвақтӣ гузаронида шуда, ҷараёни кишти тирамоҳӣ бо суръат идома дорад.
Баъдан, раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни таҳлили амиқи соҳаи кишоварзӣ доир ба фаъолияти гармхонаҳо, ҷамъоварии ҳосили пахта, кишти такрории зироатҳо, масъалаи пардохти ҳаққи хизматрасонии оби полезӣ, тухмиҳои хушсифат ва аз кишт берун мондани заминҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба масъулин дастур дод, ки то анҷоми соли равон тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ҳамчунин комиссари ҳарбии ноҳия Аҳад Аҳмадзода вобаста ба омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳисобот дод.
Таъкид карда шуд, ки барои роҳ надодан ба кашолкориҳо ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбинишуда роҳбарон дар ин самт корро ҷоннок намоянд.
Сипас дар поёни маҷлиси ҷамъбастӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5-солагии рушди босуръати саноатикунонии кишвар ва истифодаи оқилонаю самараноки ҳар ваҷаб замин содиқона хизмат намоем.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар поёни маҷлис вобаста ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист, фаъолияти пурсамари хоҷагии манзилию коммуналӣ, омодагии ташкилоту муассисаҳо давраи тирамоҳу зимистон, саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла тамоюлҳои бегонапарастӣ ва пешгирии сокинон, аз ҷумла ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни сафарҳои корӣ ва мулоқотҳояшон бо фаъолони мамлакат баён мегарданд, сармашқи корӣ худ намуда, барои иҷроиши саривақтии онҳо кўшиш менамояд.
Дафтари матбуоти
раиси ноҳияи Мастчоҳ