БОЗДИДИ ОЙМУҲАММАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ РЕСАНДАГИИ “АРВИС ЗЕЛАЛ ТЕКСТАЙЛ”
Роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода рӯзи 8 октябр дар ҷараёни сафари кории худ ба ноҳия дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия Аъзам Ализода аз корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл”, собиқ корхонаи “Олим-Текстайлз” (20-солагии Истиқлолият) дидан намуда, бо васлу насби таҷҳизотҳо ва таҷдиду навсозии хатҳои технологии коргоҳ аз наздик шинос шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта мешавад.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар корхона айни замон корҳои омодагӣ ва таҷдиду навсозии таҷҳизот ҷараён дошта, рӯзҳои наздик ба кор шуруъ карда, ҳамзамон фаъолияти худро дар се баст ба роҳ мемонад.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни суҳбат бо соҳибкорони турк аз ташаббусҳои созандаи онҳо истиқбол намуда, бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия таъкид кард, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода бурда шаванд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику турк ният доранд, ки дар оянда маҳсулоти тайёр истеҳсол намоянд. Дар фабрикаи ресандагӣ мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуда, аз ҳисоби корхона аз омӯзиш низ мегузаранд. Дар назар аст, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан 300 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши баланд таъмин шаванд.
Бино ба маълумоти бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия корхонаҳои саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 ба маблағи 132 млн. 661 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба хамин давраи соли гузашта 15 млн. 586 ҳазор сомонӣ буда, 113,3 фоизро дарбар мегирад.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ