ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ НАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАНДУРУСТӢ
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашнҳои фархундаи миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозии чанде аз муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома дорад.
Бо ин мақсад чанде пеш роҳбари гуруҳи кории 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, аз рафти корҳои таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дидан кард. Аз ҷумла, Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни ташриф аз Маркази саломатии деҳоти ба номи Файзи Султонови ҷамоати деҳоти Оббурдон дидан намуда, бо рафти корҳои таъмир дар ин муассиса шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки Маркази саломати деҳоти ба номи Файзи Султонов ҳанӯз солҳои 90-ум бунёд гардида, барои беш аз 16500 нафар аҳолии Иттиҳоди хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи Султон” хизмати тиббӣ мерасонад. Дар ин марказ айни замон 18 нафар табиб, аз ҷумла 13 ҳамшираи тиббӣ кору фаъолият мекунанд. Маркази саломатии мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ ба таъмири куллӣ фаро гирифта шудааст.
Оймуҳаммадзода зимни шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати босифат ба анҷом расонидани корҳои таъмиру навсозӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Дар идомаи сафар ҳамчунин роҳбари гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои таъмири муассисаи таълимии №35-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дидан кард.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур солҳои 90-уми асри гузашта сохта шуда, айни замон дар он беш аз 400 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар мавсими боришот дохили бинои муассиса, хусусан синфхонаҳо бар асари борон чакида, деворҳо қисман хароб гардиданд. Бо дастгирии раиси ноҳия боми мактаб пурра нав гардида, тирезаҳои он низ иваз шуда истодаанд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни шиносоӣ ба масъулин барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия маслиҳат дода, таъкид намуд, ки соҳаи маориф дар меҳвари таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад ва омӯзгоронро зарур аст, ки дар баробари ин ғамхориҳо шогирдонро дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ