БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ
Чанде пеш роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо ҳамроҳии раиси ноҳия Аъзам Ализода аз хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Оббурдон дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ шинос шуданд.
Гурӯҳи корӣ, аз ҷумла аз хоҷагиҳои деҳқонии “Миршариф” ва “10-солагии Истиқлолият”, ки ба кишт ва парвариши чормағзи заминӣ машғул мебошанд, дидан намуда, бо кишоварзон суҳбати сарироҳӣ анҷом доданд
Зимни суҳбат маълум гардид, ки кишоварзон аз ҳосили баланди имсолаи чормағзи заминӣ қаноатманд буда, тасмим гирифтаанд, ки пас аз ҷамъоварии ҳосил, кишти тирамоҳиро ба роҳ мемонанд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба деҳқонон барои оқилонаю самаранок истифода бурдани заминҳо маслиҳату машваратҳои муфид дод.
Чормағзи замини яке аз зироатҳои пурқиммати равғандор буда, дар ноҳияи Мастчоҳ парвариши он зиёд ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ имсол кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар майдони зиёда аз 1700 гектар ин намуди зироатро кишт карда, то ба имрӯз беш аз 2000 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд. Ҷамъоварии ҳосил ҳанӯз ҳам дар аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дорад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир парвариши чормағзи заминӣ дар хоҷагиҳои ноҳия зиёд гардида, деҳқонон аз он манфиати хубӣ иқтисодӣ мегиранд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз истеҳсоли ин зироат ҳамасола на фақат бозорҳои вилояти Суғдро, балки дигар минтақаҳои ҷумҳуриро низ таъмин мекунанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо бо мардуми ноҳия коркарди чормағзи заминиро ба масъулони соҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ дастур дода буданд. Ҳамон тавре ки пештар иттилоъ дода будем, дар ноҳия дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, барои ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.
Айни замон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоати деҳоти Палдорак сохтмони корхонаи коркарди чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар» ҷараён дорад. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Ниёз Ниёзов бо харҷи беш аз 750 ҳазор сомонӣ сохта шуда, метавонад то 10 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин созад. Барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҷониби муассиси корхона таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ва Туркия ворид карда шуда, дар он дар як сол то 4000 тонна маҳсулот коркард мешавад. Бо ба кор андохтани корхонаи нав коркард ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси омӯзиши бозор ба роҳ монда шуда, дар оянда содироти маҳсулоти тайёр низ ба нақша гирифта шудааст.
Дафтари матбуоти
ноҳияи Мастчоҳ