Дар ноҳияи Мастчоҳ то имрӯз 2000 тонна чормағзи заминӣ ҷамъоварӣ карда шудааст
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии ба номи "Ашӯрзода"-и ноҳияи Мастчоҳ бо ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ шинос шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосили зироат, аз ҷумла чормағзи заминӣ ҷараён дошта, кишоварзони ноҳия ҳосили хуб ба даст меоранд.
Чормағзи замини яке аз зироатҳои пурқиммати равғандор буда, дар ноҳияи Мастчоҳ парвариши он зиёд ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ то ба имрӯз беш аз 2000 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд. Ҷамъоварии ҳосил ҳанӯз ҳам дар аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дорад.
Солҳои охир парвариши чормағзи заминӣ дар хоҷагиҳои ноҳия зиёд гардида, деҳқонон аз он манфиати хубӣ иқтисодӣ мегиранд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз истеҳсоли ин зироат ҳамасола на фақат бозорҳои вилояти Суғд, балки дигар минтақаҳои ҷумҳуриро низ таъмин мекунанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо бо мардуми ноҳия коркарди чормағзи заминиро ба масъулони соҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ дастур дода буданд ва барои коркарди чормағзи заминӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи коркард таъсис дода шудааст, ки фаъолияти хуб дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд