Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ идома дорад

14.10.2022 16:58

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ, ки аз навоҳии пахтакори вилояти Суғд аст, ҷамъоварии ҳосил идома дошта, то имрӯз 17000 тонна "тиллои сафед" ба хирман супорида шудааст. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии "Лангар" иттилоъ дода шуд.

Тибқи нақша имсол дар ноҳияи Мастчоҳ 28980 тонна пахта истеҳсол карда мешавад ва ҳамарӯза то 615 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда истодааст. Хоҷагии деҳқонии "Лангар" дорои 48,8 гектар замин буда, деҳқонон дар 40 гектари он парвариши пахтаро ба роҳ мондаанд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ то ҳоло 100 тонна пахтаро ба корхонаҳои коркард супорида, тасмим доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи истеҳсолро иҷро намоянд. 40 нафар саҳмдорону чинакчиён дар саҳро машғули кор ҳастанд.

Кишоварзони ноҳия зимни мулоқот ба роҳбари вилоят изҳор доштанд, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки деҳқонони ноҳия ҳосили хуб  ба даст оварда истодаанд. Таъмини саривақтии заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ имкон фароҳам овард, ки кишоварзон бо дасту дили гарм меҳнат намоянд.

Дар хоҷагии деҳқонии "Лангар" баробари пахта инчунин кишту парвариши картошка, гандум, тарбуз, сабзӣ, мош, ҷуворимакка ва сабзавот ба роҳ монда шудааст.


Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter