Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

14.10.2022 17:00

 

12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз корхонаи ресандагии  “Арвис Зелал Текстайл”, собиқ корхонаи “Олим-Текстайл" боздид намуда, бо васлу насби таҷҳизот ва таҷдиду навсозии хатҳои технологии корхона шинос гардид.

Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта мешавад ва айни замон корҳои омодагӣ ва таҷдиду навсозии таҷҳизот ҷараён дошта, рӯзҳои наздик ба кор шуруъ карда, ҳамзамон фаъолияти худро дар се баст ба роҳ мемонад.

Дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику турк ният доранд, ки дар оянда маҳсулоти тайёр истеҳсол намоянд. Дар фабрикаи ресандагӣ мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуда, аз ҳисоби корхона аз омӯзиш низ мегузаранд. Дар назар аст, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан дар марҳилаи аввал 300 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши баланд таъмин шаванд.

Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ иншооти гуногун бунёд гардида истодааст. Яке аз чунин иншоот маркази хизматрасониву меҳмонхона аст, ки  аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов дар шаҳраки Бӯстон сохта мешавад. Бинои мазкур аз чор ошёна иборат буда, дар қабати аввал ҳавзи шиноварӣ ва ҳаммом, дар ошёнаи дуввум толори барҳавои варзишӣ ҷой дода шудааст. Меҳмонхона  барои шаст нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он беҳтарин шароити замонавӣ фароҳам мебошад.

Дар шафати меҳмонхона аз тарафи соҳибкор сохтмони майдони варзишии болопӯшида ба роҳ монда шудааст. Дар сохтмони он 15 нафар бинокрон ба кор ҷалб гардида, азм доранд дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин сохтмонро ба итмом расонанд.

Сипас, Раиси вилоят аз рафти сохтмони бинои иловагии ҶДММ «Маркази ташхисию табобатии Сино» шинос гардид. Бинои иловагии марказ аз ҷониби соҳибкор Боймаҳмад Султонов бунёд шуда, аз таххона ва се ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якуму дуюми бино таҳлилгоҳ, дар ошёнаи сеюм 34 кат ва ошхона бо 40 ҷой ҷойгир карда мешавад. Барои бинои иловагии марказ таҷҳизоти тибии муосир аз давлатҳои Чин, Корея ва Россия ворид карда шуда, муоина ва табобати беморон дар сатҳи баланд ба роҳ монда хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ташаббускории соҳибкорони маҳаллӣ истиқбол намуда, таъкид кард, ки барои ободии диёр ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.


Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter