ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

09.11.2022 10:06

 

8 ноябр дар “Тӯйхонаи Бӯстон”-и маркази ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба Рӯзи кормандони милитсияи тоҷик ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, полковники милитсия Муҳаммадӣ Қосимзода, прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода, собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва кормандони шуъба иштирок доштанд.

Раиси ноҳия кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияро ба иди касбияшон табрик намуда, саҳми онҳоро дар ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар басо арзишманд хонд. 

Таъкид гардид, ки расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар таърихи милитсия саҳифаи нав кушод ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ баҳри ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат, вазифаи муқаддасу ҷонӣ — ҳимоя ва ҳифзи Ватани азизамонро сарбаландона ба ҷо меоранд.

“Кормандони мақомоти милитсия бо фаъолияти пуршарафи худ баҳри ҳимояи қонуният, таъмини амнияту оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз самими дил саҳми шоиста гузошта, дар сафи пеши созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор доранд. Дар ин замина, нақши кормандони милитсия баҳри ҳифзу ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими ваҳдату суботи сиёсӣ ва таъмини волоияти қонун басо барҷаста мебошад”,- иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.

Сипас, сардори ШВКД дар ноҳия полковники милитсия Муҳаммадӣ Қосимзода кормандони шуъба ва собиқадорони соҳаро ба ин муносибат табрик намуда, афзуд, ки “милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи фаъолият, баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсия бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.

Дар охир барномаи рангини консертии бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шукуҳу хотирмон бахшид.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter