АЪЗАМ АЛИЗОДА: “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИЮ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН НАҚШИ БАСО МУҲИМ ДОРАД”

15.11.2022 17:43

 

15 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. 

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар чорабинӣ иштирок намуда, сокинони ноҳияро ба фарорасии ҷашнҳои фархундаи Рӯзи Президент ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Зикр гардид, ки тантанаҳои имсолаи Рӯзи Президент ба таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки ин бешубҳа рамзи саодати халқ мебошад. Зеро Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик нақши тақдирсоз дорад. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз Ҳукумати қонунии мамлакат барқарор шуд.

Аъзам Ализода бо таваҷҷуҳ ба хидматҳои Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат, ҳамдилию муттаҳидии халқи тоҷик ва суботи сиёсии кишвар таъкид намуд, ки “Маҳз, дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ Пешвои миллат ҳамчун роҳбари мардумӣ қавл доданд, ки ҳастии худро барои ҳастии мардум, наҷоти Ватан, муттаҳид намудани миллати тоҷик ва ба ҳар хонадони мамлакат сулҳ меоранд.”

“Ин марди бузург бо фидокорию ҷоннисорӣ, матонату хирад, азму иродаи қавӣ қавлу қасами худро амалӣ намуда, барои миллату давлат пеш аз ҳама сулҳу ваҳдатро ҳадя намуданд. Оташи ҷанги шаҳрвандиро ба чароғи иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бародарӣ ва ватандорию ватанпарастӣ табдил доданд”,-иброз дошт Раиси ноҳия Аъзам Ализода.

Дар охир барномаи рангини консертии бахши фарҳанги ноҳия ва суруду таронаҳои сарояндаи хушовоз Дилрабо Қурбонова чорабиниро шукуҳи тоза бахшиданд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter