ПАРЧАМ - ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Номаи табрикии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Бо самимияту ифтихор ва камоли мамнуният ҳамаи шумо ва тамоми сокинони зафарманди ноҳияро ба шарафи ҷашни фархундаи Рӯзи Парчами давлатӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатию саодатмандӣ, файзу фаровонии рӯзгор, бахту иқболи неки фарзандону пайвандон ва тамоми шодию нишоти оламро орзумандам.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, парчамафрози сулҳу амният ва шукуфоию созандагӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.
Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст”.
Таҷлили имсолаи Рӯзи Парчами давлатӣ ба айёме рост омадааст, ки то ҳанӯз дар кишвари маҳбубамон тантанаҳои Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, мардуми саодатманди Тоҷикистон, махсусан вилояти Суғд, аз ҷумла мову шумо таҳти таъсири сафари файзбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят қарор дорем.
Чуноне ки ба ҳамаи шумо аён аст, санаҳои 13-16-уми ноябри соли равон Пешвои муаззами миллат ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Зимни ин сафари мубораку пурсамар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич як қатор иншооти муҳташами ҷашниро мавриди истифода қарор дода, санаи 16-уми ноябр дар тантанаҳои асосии ҷашни фархундаи 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри таърихии Арбоб бевосита иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ дар ин ҷашни хуҷаста Пешвои муаззами миллат бори дигар аз нақши барҷаста ва сарнавиштози Иҷлосияи таърихӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки: “Ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро қатъ намудем, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшидем, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро барқарор кардем, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузоштем ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намудем”.
Воқеан, се даҳсола инҷониб мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳу ризоият ва ливои шарафу ватандӯстиро баланд бардошта, ба комёбиҳои беназиру барҷастае ноил гардиданд, ки моро ба сӯйи фардои мунаввару саодатмандона ҳидоят месозад.
Аз ин рӯ, ки ҳар лаҳза аз соҳибистиқлолию соҳибдавлатӣ ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат шукрона намуда, ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ эҳтиром гузорем. Барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намудани фарзандону пайвандонамон аз сидқи дил талош карда, барои пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон содиқона ҳиссагузорӣ намоем.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Иди Парчами давлатӣ, аз он ҷумла 30-солагии қабули Парчам ва 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳум табрику муборакбод гуфта, бо таманнои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар кадоми шумо ва тамоми сокинони ноҳия «сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям».
Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами бахту саодат ва нусрату иқболи миллату давлати тоҷик парафшон бошад!
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!


