ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯ 26-УМИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

24.01.2023 09:19

 

18 январ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Конференсияи 26-уми ғайринавбатии КИ ҲХДТ баргузор гардид. 

Дар кори конференсия раиси ноҳия Аъзам Ализода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Муродулло Почозода ва вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизб иштирок доштанд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва тасдиқи раёсат, котибот ва комиссияҳои корӣ конференсия аз рӯи ду масъала - ҳисоботи гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ аз моҳи марти соли 2020 то охири соли 2022 ва пешбарии номзад аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ” – №20 ба ҷои вакили хориҷшуда ба кори худ оғоз кард.

Аз рӯи масъалаи якум роҳбари гурӯҳи вакили ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ Бурҳон Сафаров ҳисобот дод.

Бо лаҳзаи хомӯшӣ ба хотири гиромидошти ёди неки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ” – №20 шодравон Ҳокимбек Тӯтиев, ки моҳи сентябри соли 2022 даргузашт, вакилони конференсия ба баррасии масъалаи дуюми рӯзнома оғоз карданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо қарори иҷлосияи 13 –уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Матчоҳ, даъвати шашум аз 21 декабри соли 2022 ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ” – №20 шодравон Ҳокимбек Тӯтиев бо сабаби вафот пеш аз муҳлат қатъ карда шуда, дар ҳавзаи мазкур рӯзи 19 феврал интихоботи миёнадаврӣ муқаррар шудааст.  

Вакилони конференсияи 26-уми ғайринавбатии кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳавзаи мазкур номзадии директори ҶДММ “Ҷаъфар” Саъдӣ Ниёззодаро ҷонибдорӣ намуданд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ва садо додани Суруди миллӣ Конференсияи 26-уми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба кори худ хотима бахшид.


Дафтари матбуоти 

Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter