Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ҲИЗБИЁН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

24.01.2023 09:22

 

18 январ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти яксолаи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ  баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродулло Почозода, роҳбарони ташкилотҳои  ибтидоӣ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Ҷаласаи солонаи кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз рӯи 5 масъала - ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ  дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023, тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ барои соли 2023, масъалаи ташкилӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

   Дар оғоз  Муродулло Почозода, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба фаъолияти яксолаи ҳизб ҳисобот дода, зикр намуд, ки дар ин давра 532 нафар, аз ҷумла 263 нафар аз ҳисоби ҷавонон ва 247 нафар аз ҳисоби занон ба сафи аъзогии ҳизб ворид шуда, шумораи умумии аъзои ҳизб ба 6530 нафар расидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 5 ташкилоти ибтидоӣ, ки 10 фоизи миқдори умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро ташкил медиҳанд, таъсис ёфтааст. Инчунин дар нимсолаи дуюми соли 2022, 3 нафар сокинони ноҳия бо сабаби вайрон намудани талаботи Оинномаи ҲХДТ аз сафи ҳизб хориҷ карда шудаанд.

Таъкид карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вакилон ва фаъолони ҳизб дар арафаи идҳо як қатор амалҳои хайру савоб низ ба сомон расонида шудааст.

Зимни музокира Садорат Сафарзода – муовини роҳбари гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мстчоҳ ва Муҳаммадидрис Мирзобекзода - узви фаъоли намояндагии ноҳиявии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  фаъолияти кумиҷроияро хуб арзёбӣ карданд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ализода Аъзам Наврӯз зимни маърӯзаи  пурмуҳтаво  барои пешрафти кори кумиҷроия ва боз ҳам зиёд намудани сафи аъзои ҳизб фикру мулоҳизаҳои судманд баён кард.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронии худ оид ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Анҷуманҳои 13 ва 14, супоришҳое, ки аз маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 30 ноябри соли 2022 бар меоянд, татбиқи нуктаҳои асосии Паём, риоияи дақиқи Оинномаи ҳизб ва фаъолияти пурсамар дар доираи талаботи Одобномаи корманди ҳизб дар назди ҳизбиёни ноҳия вазифагузорӣ кард.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter