Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ВОХӮРИИ АЪЗАМ АЛИЗОДА БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҲАВЗАИ “БӮСТОН”-№51

24.01.2023 09:43

 

20 январ, раиси ноҳияи Мастчоҳ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Бӯстон”-№51 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо интихобкунандагон вохӯрӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа доштанд, шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Раиси ноҳия зимни ироаи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат иброз доштанд, ки “сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ва ба иқтисоди миллӣ мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иҷтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.”

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки “Дар панҷ соли охир сатҳи некӯаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.”

Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба ғанӣ гардонии буҷети давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ зикр намуд, ки маҳз ноил шудан ба дастовардҳои шоиста имкон фароҳам овард, ки буҷети давлатӣ ғанӣ, сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла раванди афзоиши музди меҳнат таъмин карда шавад. Чуноне ки дар Паём омадааст, аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз ва аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендия донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз, андозаи нафақаи заминавӣ ва  дигар намуди нафақаҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба баъзе нуктаҳо доир ба соҳаи маориф, тандурустӣ, ривоҷи корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллию ватандӯстӣ, ки дар Паём зикр шудаанд, шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси ноҳия аз интихобкунандагон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссагузор бошанд. 


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter