Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

27.01.2023 16:42

 

26 январ таҳти раёсати раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода маҷлиси назоратии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар оғоз, раиси ноҳия вобаста ба масъалаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023», ки 24 январи соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, маълумот манзур намуд. 

Аъзам Азилоза иброз дошт, ки Роҳбари давлат зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, хусусан ҷиҳати худтаъминкунӣ бо маҳсулоти ғизоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки Пешвои миллат вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияро вазифадор намуданд, ки фаъолиятро дар самти таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, рушди сайёҳӣ ва таъмини рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.

Дар ин радиф раиси ноҳия вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла омодагии заминҳои кишоварзӣ ба мавсими кишти баҳорӣ, ривоҷу боғдорӣ, хусусан бунёди боғҳои интенсивӣ, бунёди гармхонаҳои наву замонавӣ, бунёди сардхонаҳо, зиёд намудани заминҳои кишти зироатҳо ба Раёсати кишоварзии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастуру супоришхои қатъӣ дод. 

Дар ҷаласа, ҳамчунин раиси ноҳия масъалаи болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо, танзими нархи маводи хӯрока, тозагии ҳифзи муҳити зист, тақвияти кабудизоркунӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳия, инчунин зиёд намудани заминҳои кишди сабзавотӣ, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, картошка ва истеҳсоли маҳсулоти тару тоза дар гармхонаҳоро мавриди таваҷҷуҳ  қарор дода, ба масъулин муҳлат дод, ки дар семоҳаи аввали соли 2023 доир ба масъалаҳои зикр шуда тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарияти онҳо вазифадор карда шуданд, ки мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созанд. 

Раиси ноҳия зимни таҳлили бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш,   занон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  дастур доданд, ки корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷудошавии оилаҳо, пешгирии хушунатҳои оилавӣ, инчунин фаъолияти мунтазами майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, тарбияи варзишгарони сатҳи байналмиллалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ҷоннок карда шаванд. 

Вобаста ба масъалаи қонуншиканиҳо дар самти иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандону муросилоти мактубҳо, таъмини талаботи кодекси замин, риоя қоидаҳои истифодаи замин масъулин вазифадор шуданд, ки ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои фаврӣ андешанд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter