Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

АЪЗАМ АЛИЗОДА: ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ БЕМОРХОНА ВА ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ СЕОШЁНА БУНЁД МЕШАВАД

07.02.2023 13:01

 

1 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ нишасти матбуотии раиси ноҳия бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умуми вилоятӣ баргузор гардид.  

   Дар нишаст раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода доир ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар соли 2022 мухтасаран маълумот дода, зикр кард, ки дар ин давра сокинони шарафманди ноҳия ба дастовардҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардида, соли 2022-ро бо комёбиҳои шоиста ҷамъбаст намуданд.

Зикр карда шуд, ки нишондиҳандаҳо дар ҳама самтҳо, аз ҷумла бунёди иншооти гуногуни хизмативу ҷамъиятӣ, рушди энергетика, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон, рушди инфрасохтор ва нақлиёт, рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррас мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар соли 2022 ба маблағи 318 млн. 253 ҳзр. 800 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021, 43 млн. 395 ҳзр. 800 сомонӣ зиёд буда, 115,8 фоизро дарбар мегирад. 

Доир ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2022 ба 1 миллиарду 417 миллиону 426 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли 2021 беш аз 190 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 115,5 фоизро ташкил додааст.

Аз ҷумла раиси ноҳия афзуд, ки дар соҳаи чорводорӣ суръати афзоиш аз ҳисоби саршумори чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 102 то 124 фисад ва аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти чорво бошад, суръати афзоиш аз 105 то 154,4 фоизро дарбар гирифтааст. Хусусан, дар ин давра истеҳсоли гӯшт 104%, истеҳсоли шир 105,1%, тухм 140%, пилла 154,5 фоиз зиёд шудааст.

Аъзам Ализода дар идома доир ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба самъи рӯзноманигорон расонид, ки соли 2023 бунёди ду иншооти муҳим дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, аз ҷумла як беморхонаи марказӣ ва як муассисаи таълимии сеошёна барои беш аз ҳазор хонанда ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони онҳо тибқи нақша дар семоҳаи аввали соли равон оғоз мегардад.

Дар охир кормандони воситаҳои ахбори омма оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёд ва ташкили корхонаҳои саноатии нав, вазъи ҷинояткорӣ, ташкили гармхонаҳои наву замонавӣ бо технологияҳои муосир ва дигар масъалаҳои мубрам суолҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Фитрати Ҳикмат


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter