Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАШВАРАТИ КОРӢ БО КИШОВАРЗОН ВА ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МАСТЧОҲ

25.02.2023 10:22

 
20 феврал раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо роисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолони ҷамоати деҳоти Мастчоҳ машварати корӣ анҷом дод.
Дар машварат масъалаҳои омодагӣ ба кишти баҳории зироатҳои барвақтӣ, омодагии иншооти обрасонӣ ба мавсими нави обёрӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар оғоз муовини якуми раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода доир ба дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия дар соли 2022 маълумот дода, иброз дошт, ки дар натиҷаи андешадани тадбирҳои муассир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 млрд. 417 млн. 426 сомонӣ баробар гардида, назар ба як соли пеш мутаносибан ба 190 млн. 499 ҳзр.200 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба болоравии нархи маҳсулоти сабзавотӣ ва таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолии ноҳия бо маҳсулоти худӣ ба масъулини соҳа ва раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ дастур дод, ки ба кишт ва парвариши маҳсулоти сабзавотӣ, аз ҷумла пиёзу сабзӣ ва картошка тибқи дурнамои кишти зироатҳо барои соли 2023 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия соли 2023 тибқи дурнамои рушд масоҳати кишти зироатҳо аз ҳисоби полезиҳо ва сабзавот, инчунин картошкаи барвақтӣ назар ба соли 2022 зиёд гардидааст.
Бо ин мақсад ба масъулини соҳа, фаъолон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Мастчоҳ супориш дода шуд, ки сохтори кишт тибқи дурнамо дар ҳудуди ҷамоат риоя карда шуда, ба кишту парвариши пунбадона ва сабзавот диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки ҷаҳати дастрас намудани тухмии хушсифати зироатҳо ба кишоварзон, сармоягузорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ ва соҳибкорон, инчунин тақсимоти одилонаи об аз тарафи иттиҳодияҳои истифодабарандагони об тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.
Дар идомаи машварат раиси ноҳия Аъзам Ализода аз фаъолон ва соҳибкорони ҷамоат даъват ба амал овард, ки дар ободонии маҳал, кӯчаҳо ва роҳҳо саҳмгузор бошанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter