Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

25.02.2023 10:25

 
21 феврал дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидимомхӯҷа Акбаров, комиссари ҳарбии ноҳия Аҳад Аҳмадзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва фаъолону сокинони ноҳия ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана таҷлил гардид.
Аъзам Ализода афсарону сарбозон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, Артиши миллиро муҳофизи обу хоки муқаддаси кишвар, тамомияти арзӣ, амнияту оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки Артиши миллӣ дар давраи басо душвору сангин ва бе заминаи мустаҳками моддию техникӣ ташкил карда шуд, вале дар як муддати кӯтоҳ дар партави дастгирию пуштибониҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат ба лашкари қавӣ ва муҷаҳҳазу тавоно мубаддал шуд.
“Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд”,-иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.
Бояд зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони синни даъватӣ мактаби шуҷоату мардонагӣ, қарзи фарзандӣ ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд барои таҳкими пояҳои Артиши миллӣ, яъне омода намудани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ аз самими дил ва бо камоли садоқат саҳмгузорӣ намоем.
Саидимомхӯҷа Акбаров, намояндаи ҳукумати вилояти Суғд зимни суханронӣ паёми табрики раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонида, иброз дошт, ки хизматчиёни ҳарбӣ, аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро аз ҳама гуна амалиёти харобиовар ҳимоя менамоянд.
Имрўз ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин буда, барои фароҳам овардани шароити муносиби хизмати ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Сипас, аз ҷониби Аъзам Ализода як зумра кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, комиссариати ҳарбӣ, афсарону сарбозон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва варзишгарон барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, даъвати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаву медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом барномаи пурмуҳтавои консертии бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter