Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

30-CОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК, ҲОМИЁНИ ҶАСУРУ ҒАЮРИ ВАТАН!

25.02.2023 10:27

 
Номаи табрикии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам сарбозону афсарон, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомӣ!
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо шукӯҳу ифтихори баланди ватандорӣ ҷашн гирифта истодаанд. Таҷлили ин санаи мубораки Тоҷикистон ифодаи иззату икром ва қадршиносию арҷгузорӣ ба сарбозону афсарони Артиши миллӣ – фарзандони ҷасуру ғаюр ва фидокору ҷоннисори Ватан ба шумор меравад.
Бинобар ин, бо камоли ифтихору мамнуният ман аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам тамоми сокинони ноҳия, шаҳрвандони Тоҷикистон ва махсусан сарбозону афсарони Артиши миллии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, собиқадорони соҳа, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва ҷанговарони байналмилалро ба шарафи 30-cолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатию умри дароз, файзу баракати бешумор, саодату иқболи баланд ва ба ҳомиёни диловари Ватан иродаи қавӣ, муҳаббати амиқ, қалбу рӯҳи бузург ва нангу номуси миллию ватандӯстиро орзумандам.
Бо иродаву ташаббус ва саъю талоши ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон сӣ сол пеш таъсис гардид.
Ҳарчанд, Артиши миллӣ дар давраи басо душвору сангин ва бе заминаи мустаҳками моддию техникӣ ташкил карда шуд, вале дар як муддати кӯтоҳ дар партави дастгирию пуштибониҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат ба лашкари қавӣ ва муҷаҳҳазу тавоно мубаддал шуд.
Тавре, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.
Зеро таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ зарурати шадиди рӯз ва тақозои мубрами он айёми басо вазнину тақдирсоз буд.
Бо вуҷуди ҳама норасоиву мушкилоти он айём, 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид ва афсарону сарбозони содиқи Ватан дар ин чорабинӣ бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ сафарбар намуд.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт”.
Чуноне, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ бармеояд: “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”.
Аз ин рӯ, ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки барои тақвияти пояҳои моддию техникӣ ва кадрии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода намудани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ саҳми шоиставу ватандӯстонаи худро гузорем.
Дар ин ҷодаи пуршараф Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати фароҳам овардани шароити хизмат дар қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия ва қадршиносии сарбозону афсарони онҳо тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешад.
Иди фархундаи 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба ҳамаи сарбозону афсарони Артиши миллӣ, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, тамоми мардуми Тоҷикистон ва сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатию умри дароз, саодати рӯзгор ва файзу иқболи баландро таманно дорам.
30-cолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳомиёни ҷасуру ғаюри Ватан!


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter