Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

АЪЗАМ АЛИЗОДА АФСАРОНУ САРБОЗОНРО БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ТАБРИК КАРД

25.02.2023 10:29

 
22 феврал раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба қисми низомии 0201 Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди ноҳия ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо туҳфа ва Сипоснома тақдим кард.
Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз хидматҳои бузурги мудофиавии афсарону сарбозон иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба нерӯи бузурги мудофиавӣ табдил ёфта, қодир аст, ки марзу бум ва манфиатҳои давлату миллатро ҳимоят кунад. Ҷавонмардони шуҷоъву далер ва фарзандони қаҳрамони Ватан, ки марзҳои давлати моро ҳифз менамоянд, ҳомиёни халқу давлат буда, дар хатти пеши мудофиа қарор доранд.
Зикр гардид, ки Артиши миллӣ имрӯз бо иродаву ташаббус ва саъю талоши ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба лашкари қавӣ ва муҷаҳҳазу тавоно мубаддал шудааст.
Ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамчунин ба афсарону сарбозони қисми низомии мазкур аз ҷониби раиси дастархони идона ороста гардида, ҳамзамон барои онҳо маводи хӯрока аз қабили гӯшту равған, сабзиву пиёз ва картошкаю биринҷ дастрас карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter