Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ШИНОСОӢ БО ҲОЛАТИ ТЕХНИКӢ ВА ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА МАВСИМИ КИШТИ БАҲОРӢ

25.02.2023 10:32

 
Бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати базаи техникӣ ва омодагии техникаҳои кишоварзӣ, имрӯз 23 феврал бо иштироки раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо, муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, сардори Бозрасии давлатии назорати техникии Вазорати кишоварзӣ Шарифҷон Ҳомидов дар Маркази хизматрасонии техникӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон намоиши техникаҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки барои гузаронидани кишти баҳорӣ ва парвариши зироатҳо дар ноҳия 545 адад техника ва агрегатҳои кишткунанда мавҷуд буда, аз он 103 ададашро тухмипошакҳои тракторӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамаи техникаҳо бо аккумулятор, чароғҳои равшанидиҳанда, плуг ва дигар олатҳои ҷуфткунандаи замин таъмин карда шудаанд.
Лозим ба зикр аст, ки бе базаи мустаҳками техника гузаронидани кишти баҳории зироатҳо ғайриимкон буда, сатҳу сифати кишти зироатҳо маҳз аз омодагии техникии кишткунанда вобаста мебошад.
Таъкид карда шуд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки мамлакат маҳсуб ёфта, кишоварзон ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ нақши арзанда дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва аз худ намудани заминҳои нав изҳори боварӣ карда шуд, ки кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар соли ҷорӣ барои таъмин намудани аҳолии мамлакат ва бозорҳои худӣ бо маҳсулотҳои босифати озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2023 дар майдони 19546 гектар замин кишти зироатҳои баҳорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 12350 гектарашро кишти пахта ташкил медиҳад.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода доир ба кишти зироатҳои барвақтӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд то ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамзамон ба роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ низ дастур дода шуд, ки барои рӯёнидани ҳосили баланди пахта аз пунбадонаи навъҳои серҳосил ва минтақабоб истифода намоянд.
Дар охир механизаторон ва хоҷагидорони беҳтарин бо туҳфаву сипосномаҳои раиси ноҳия ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter