Кумаки мардуми Мастчоҳ ба оилаҳои зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расид

25.02.2023 10:37

 
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва дастгирии соҳибкорон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак иборат аз 2,5 тонна маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, гӯшту биринч, сабзиву пиёз, картошка, макарон, шакар ва нон дастрас карда шуд.
Кумаки мардуми Мастчоҳро муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода имрӯз 22 феврал ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расонида, ба роҳбарияти вилоят ҳамдардии амиқи мардуми Мастчоҳро баён дошт.
Чанд лаҳза пеш Дилшод Зокирзода зимни як тамоси телефони изҳор дошт, ки роҳбарияти вилояти Бадахшон ҳамдардии мардуми Мастчоҳро қабул карда, барои кумак ва дастгириашон изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин хонаи истиқоматӣ хароб гардида, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Ф. Ҷумъазода,
“Машъал”


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter