СОҲИБКОР ЯТИМОНРО ХАТНАСУР КАРД

25.02.2023 10:38

 
Дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимардон Усаров як соҳибкори муваффақи ноҳияи Мастчоҳ барои 10 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоату бепарастор ва ятими ҷамоати деҳоти Навбаҳор хатнасури хайриявӣ барпо намуда, барои ҳар яки онҳо сару либос ва туҳфаҳои пулӣ тақдим кард.
Маросими хатнасури кӯдакон рӯзи 18 феврал дар тӯйхонаи ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо ҳузури хешовандону пайвандони ятимон баргузор шуд.
Дар баргузории маросими хатнасур муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро намунаи ибрат ва рисолати ҷавонмардӣ хонд.
Зикр карда шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия Мастчоҳ, аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа аз ҷониби соҳибкорону ашхоси саховатпеша корҳои хайр савоб амалӣ гардида истодаанд.
Таъкид гардид, ки хайру эҳсон яке аз фазилатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб рафта, анҷом додани он меҳру муҳаббат ва ҳамдилию иттиҳодро дар ҷомеа ва дар байни инсонҳо мустаҳкам месозад.
Давоми ду ҳафтаи охир ин дуюмин хатнасури хайриявист, ки аз ҷониби афроди хайрхоҳу саховатпешаи деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ роҳандозӣ мешавад. Чанде пеш аз ин ҷамоат ду соҳибкор 10 нафар кӯдаки ятимро хатнасур карда, барои онҳо сару либос ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуда буданд.
Фарҳод Ҷумъазода,
“Машъал”


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter