ВАТАНДӮСТӢ – МАСИРИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

25.02.2023 10:40

 
Вохӯрии судманд бо донишҷӯёни коллеҷҳои кишоварзӣ ва омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ
Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо донишҷӯёни коллеҷҳои кишоварзию омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ мулоқоту вохӯрии судманд баргузор гардид.
Вохӯрӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудани раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён гирифта, дар он Нодира Мирзозода – намояндаи шуъбаи тарбиявии раёсати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусабури Абдуваҳҳоб, сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ”, Абдуллозода Абдуллоҷон, прокурори ноҳия, Қосимзода Муҳаммадӣ, сардори ШВКД дар ноҳия, Асроров Фирдавсӣ, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия ва Музаффар Азиззода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба нуктаҳои муҳиме, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ баён доштанд, ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки доираи фарогири арзишҳои ватандӯстӣ моро ҳушдор медиҳад, ки пеш аз ҳама ба ватану миллати худ содиқ бошем, таърихи гузаштаи халқи худро васеъ омўзем, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа шиносем, фирефтаи гуруҳҳои ҷудоихоҳу ифротигаро нагардем, марзу буми ватанро ҳифз намоем, онро ба суханҳои бардурӯғи душман нафурӯшем.
Шинохт ва дарки арзишҳои олии ватандўстӣ қадами умедбахш ва боэътимод вобаста ба тафаккур ва мавқеъи ҷомеа маҳсуб ёфта, талошҳои ҷонибҳои мухолифро ҳамеша ба нокомӣ бурда мерасонад.
Иштирокдорон ҳамчунин ба донишҷӯён таъкид намуданд, ки посдории арзишҳои миллӣ ва якпорчагии кишвар бошанд, манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузоранд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter