ТАБРИКИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМӢ

25.02.2023 10:41

 
23 феврал афсарону сарбозони қисми ҳарбии 14356в- и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана таҷлил намуданд.
Дар чорабинии идона муовини раиси ноҳия Музаффар Азиззода иштирок намуда, афсарону сарбозонро аз номи раиси ноҳия табрик гуфт.
Зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Ба муносибати ҷашни 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз ҷониби раиси ноҳия ба афсарону сарбозони қисми низомӣ туҳфа ва маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.
Кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо таҳияи барномаи рангини консертӣ хотири сарбозонро болида гардониданд.
Ф. Ҷумъазода,
“Машъал”


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter