Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МТМУ №11 Ҷоми сардори ШВКД-ро ба даст овард

25.02.2023 10:43

 
Дар даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд, ки байни дастаҳои хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия барои дарёфти Ҷоми сардори ШВКД баргузор гардид, дастаи футболи МТМУ №11-и ҷамоати деҳоти Оббурдон ғолиб омада, барандаи Ҷоми мусобиқа гардид.
Даври ниҳоии бозӣ имрӯз 23 феврал дар майдончаи варзишии шаҳраки Бӯстон байни дастаҳои МТМУ №25 ва МТМУ №11, ки ба финал роҳ ёфта буданд, баргузор шуд. Мусобиқа хеле пуршиддат ҷараён гирифт, дар даври асосии бозӣ ҳарду даста ба ҳисоби 3:3 мусовӣ шуданд. Дар даври пеналтӣ низ ҳисоб барои ҳарду даста низ баробар шуд ва ниҳоят дар даври охирон бозигарони дастаи МТМУ №11 ба ҳисоби 1:0 ғолиб баромада, Ҷоми сардори ШВКД-и ноҳияро соҳиб гардиданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи футболи хурд ва шоҳмот, ки бо ибтикори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия Мастчоҳ ва шуъбаи маориф ба муносибати ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид, дар аввал 48 дастарор бо ҳам вориди рақобат намуд.
Ниҳоят тибқи ҳисоби доварон дар мусобиқаи шоҳмот хонандагони МТМУ №25 ҷои якум, МТМУ №12 ҷои дуюм ва МТМУ №37 сазовори ҷои сеюм гардиданд. Дар мусобиқаи футболи хурд бошад, ҷои сеюмро хонандагони МТМУ №8, ҷои дуюмро дар бозии футболи хурд хонандагони МТМУ №25 ва ҷои аввалро бо дарёфти Ҷом хонандагони МТМУ №11 сазовор гардиданд.
Туҳфаҳои мусобиқаро муовини сардори ШВКД-и ноҳияи Мастчоҳ, майори милитсия Суҳроб Баҳромзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Бунёд Исмоилов аз номи сардори шуъба ба ғолибони даста тақдим намуданд.
Гуфта мешавад, ин мусобиқа бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, таҳкими ғояҳои дӯстию меҳанпарварӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстю меҳанпарастӣ дар байни хонандагон доир карда шудааст.
Борбад Баҳромзода,
“Машъал”


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter