ВОХӮРИИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲО БО ХАТМКУНАНДАГОН

25.02.2023 10:45

 
Рӯзи 24 феврали соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони донишгоҳҳои вилоят Абдуфаттоҳ Раҳимов, ҷонишини ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Шарифзода Муъмин – ректори ДДҲБСТ, Қаландаров Ҳусейнҷон – декани факултаи сохтмон ва нақлиёт, намоянда аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Бахтиёр – намоянда аз Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон, Ҳакимзода Маъруф – намоянда аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ва Манучеҳр Садриддинзода – директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ширкат доштанд.
Вохӯриро муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки касбомӯзиву таҳсили насли наврас зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар ин вохӯрии муфиду судманд беш аз 800 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Намояндагони донишгоҳҳо зимни мулоқот аз имконият ва имтиёзҳои донишгоҳҳои худ барои донишандӯзӣ, шароити хобгоҳҳо ва раванди таълим ба хонандагон маълумоти муфид доданд.
Хотирасон мешавем, ки вохӯрии имрӯза дар доираи иҷрои супоришҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири шинос намудани ҳарчӣ бештари хатмкунандагон ба раванди таълиму тарбия ва шароити касбомӯзӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои ҳудуди вилоят роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз баргузории он пешниҳоди тавсияҳои муфид ба хатмкунандагон дар самти интихоби дурусти касб мебошад.
А. Зуҳурӣ,
“Машъал”


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter