Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ – ОМИЛИ АСОСИИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

06.03.2023 19:49

 

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, равияҳои террористиву экстремистӣ, тадриси ғайрирасмии динӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ бо ташаббуси муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрии роҳбарони сохторҳои қадратии ноҳияи Мастчоҳ конференсия доир гардид.

Ҷаласаи конференсия таҳти раёсати раиси ноҳия Аъзам Ализода дар Қасри фарҳанг бо иштироки беш аз 700 нафар фаъолон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, омӯзгорон ва ҷавонону донишҷӯён баргузор шуд.

Чорабиниро раиси ноҳия оғоз бахшида, иброз дошт, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Баъдан, раиси Суди ноҳияи Мастчоҳ Қурбониён Алишо вобаста ба қонунгузории кишвар дар самти пешгирии хатарҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотӣ зарур донистанд.

Раиси суди ноҳия дар идомаи суханрониҳои худ бо таваҷҷуҳ ба парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати шаҳрвандон бо ҷурми пайравӣ ба ҳазбу ҳаракатҳои ифротгаро оғоз шудаву ба суд ирсол гардидаанд, иброз дошт, ки зимни баррасии онҳо маълум гардид, ки бештари гунаҳгорон ҷавон буда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми фиреби ин гуруҳҳои иртиҷоӣ афтодаанд.

Бояд гуфт, ки гарчанде дар кишвари мо ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф ёбад ҳам, аммо мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ Асроров Фирдавсӣ дар баромади худ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ иброз намуданд, ки “имрўзҳо гурўҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Вобаста ба ин, аз мақомоти дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ ҷиддан тақозо карда шуд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба равияҳои ифротгаро ва тарбияи онҳо дар рўҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродулло Почозода зимни маърӯзаи худ бо ёдоварӣ аз кишварҳое, ки дар онҳо ташкилотҳои байналмилалии террористӣ амалиётҳои зиддибашарӣ анҷом дода, амният ва суботи сиёсии минтақаро барҳам задаанд иброз дошт, ки мо бояд ба қадри рӯзгори осуда ва суботу оромии имрӯза бирасем.

Дар воқеъ, имрӯз баробари мураккаб гардидани авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон, бо шаклҳои наве ҳар лаҳза зуҳур кардани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ҳар яки моро зарур аст, ки муттаҳиду сарҷамъ бошем, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона, софдилона ва аҳлона заҳмат кашем.

Дилшод Зокирзода, муовини раиси ноҳия зимни суханронӣ бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём сарчашма мегиранд, ҷавононро даъват намуд, ки ба хотири муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр пайваста дониш андӯзанд, илмҳои навро аз худ кунанд ва барои халқу пешрафти давлати худ софдилонаю садоқатмандона хизмат кунанд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин комиссари ҳарбии ноҳия Аҳад Аҳмадзода вобаста ба ҷалби ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣ, риояи талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” сухан ронда, иброз дошт, ки хазмати ҳарбӣ вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписар ба ҳисоб меравад.

Зимни баромади худ комиссари ноҳия аз фаъолон, имомхатибот, раисони маҳаллаҳо ва ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи мардуми буми ватан, таъмини амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар поёни вохӯрӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода ба хотирии пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар самти мубориза бо терроризм ба масъулин дастур дод, ки нақшачорабиниҳои иловагӣ тартиб дода, дар асоси он вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи маҳал ба роҳ монанд.


Фитрати Ҳикмат,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter