Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ҒАСБИ ХУДСАРОНАИ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН ПЕШГИРӢ МЕШАВАД

06.03.2023 19:51

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ки рӯзи 24 январи соли равон бо иштироки аъзои ҳукумат, вазирон ва роҳбарони сохторҳои гуногуни мақомоти давлатӣ баргузор шуд, бори дигар ҷиҳати самараноку оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин таъкид намуда, дастур доданд, ки пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканиҳо дар самти замин гирифта шавад. Ҳамзамон Президенти кишвар ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки дар самти самаранок истифода бурдани обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва ҳосилнокии зироатҳо тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

Ҳарчанд бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа, мақомоти дахлдор ва раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чунин дастуру супоришҳо дода шуда бошад ҳам, вале баъзе аз мансабдорон ва шахсони масъули давлатӣ бо мақсади таъмини манфиатҳои шахсии худ ба қонуншиканиҳо роҳ дода, ба таври ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон иҷозат медиҳанд, ки дар заминҳои корами обӣ биноҳои истиқоматӣ бунёд менамоянд. Чунин ҳолатҳо дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия ошкор карда шудааст.

Бо назардошти ин масъала ва вобаста ба риоя ва иҷрои қонунгузории истифодаи замин прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ дар 2 моҳи соли 2023 санҷишҳои прокурориро ба роҳ монда, баъзе аз қонуншиканиҳоро ошкор сохт.

     Ҷоиз ба қайд аст, ки дар давраи ҷамъбастӣ вобаста ба қонунгузории замин 2 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 35 амр, 11 эътироз , 3 пешниҳод, 5 нафар аъзои комиссияи вобаста ба замини мақомоти иҷроияи ҳокимияти длавлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, 114 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, 2 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,  бо дахолати прокурор 260 га. қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

      Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, дар давраи сипаригаштаи соли ҷорӣ дар 4 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва КДФ БММҒ бо сокинони ноҳия доир ба самаранок ва оқилона истифодабарии ҳар қитъаи замин вохӯрию мулоқотҳо баргузор карда шуд.

    Ҷолиби қайд аст, ки дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ аз тарафи прокуратураи ноҳия оиди самаранок ва оқилона истифодабарии замин мунтазам санҷишҳо гузаронида шуда, дар ҷараёни онҳо 2 ҷиноят ошкор карда шуда, дар робита ба ин нисбати гунаҳгорон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Аз ҷумла нисбати шаҳрванд Ҷуманова К. Ҳ. истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, ки дар қитъаи замини корами лалмӣ ва чарогоҳ , ки масоҳати он 0,59 га-ро ташкил медиҳад, худсарона ва ғайриқонунӣ дар масоҳати умумии 136 метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ бунёд намудааст. Бинобар ин, аз тарафи прокуратураи ноҳия нисбати номбурда моҳи феврали соли равон бо аломатҳои моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад. Ба ҳамин монанд нисбати Беков Р. Р. аз тарафи прокуратураи ноҳия бо аломатҳои моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ низ оғоз карда шудааст.

Дар давраи таҳлил аз тарафи прокуратураи ноҳия барои вайрон намудани талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 114  нафар бо моддаҳои 141, 142, 148 ва 156-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, онҳо барои баррасӣ ба кумитаи идораи замини ноҳия ирсол карда шудаанд.

  Новобаста аз чораҳои андешидаи прокуратураи ноҳия ва мақомоти ваколатдори давлатӣ санҷишу таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории замин дар ҳудуди ноҳия то ҳол ба пуррагӣ ҷавобгӯи талабот набуда, ҳанӯз дар ин самт қонунвайронкуниҳои ҷой доранд, ки фаъолияти мунтазами мақомоти давлатиро халалдор сохта, ба ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки ин қонунвайронкуниҳо асосан дар натиҷаи беназоратии шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти назоратӣ, аз ҷумла кумитаҳои идораи замин, шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар сохторҳои дахлдор ба амал омадааст. Ҳарчанд дар ин мавридҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарорҳои дахлдор ба тасвиб мерасанд, аммо санҷишҳо собит менамоянд, ки баъзе аз қарорҳо, ки барои ҷудо намудани қитъаи замин имзо шудаанд, хилофи талаботҳои қонунгузории кишвар дар самти замин мебошанд. 

Бинобар ин, мақомоти прокуратура бо мақсади таъмини истифодаи самаранок ва оқилонаи замин, қонунвайронкуниҳо, аз гардиши кишоварзӣ берун мондан ва истифодаи ғайримақсадноки заминҳо, инчунин ғайриқонунӣ аз як гурӯҳ ба дигар гурӯҳ гузаронидан замин, қабули қарорҳои беасос оид ба ҷудо ва вобаста кардани қитъаи замини сохтмони ғайриқонунӣ дар заминҳои худсарона ишғолшуда ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин дар доираи салоҳиятҳои худ тадбирҳои мушаххас меандешад.


Ҳумоюн РАҲМОНЗОДА,

ёрдамчии прокурори ноҳияи Мастчоҳ,

ҳуқуқшиноси дараҷаи 2




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter