Раиси ноҳия ба рафти корҳои ободонӣ дар беморхонаи марказӣ шинос шуд

16.03.2023 09:53

 
4 март раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо мақсади шиносоӣ ба рафти корҳои ободонӣ дар ҳудуди беморхонаи марказии ноҳия аз ин муассисаи тиббӣ дидан кард.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои таъмиру навсозии бинои шуъбаи эҳё ба анҷом расида, васлу насби баъзе хатҳои оби нӯшокӣ ва таъмири корезҳо дар ҳудуди беморхона ҷараён дорад.
Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба тозагии гирду атрофи беморхона ба масъулин дастур дод, ки ба гулкорӣ дар саҳни ҳавлии муассиса ва тозагии атроф диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамзамон ҷиҳати бо сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба роҳбарияти беморхона ва дигар шахсони масъул супориш дода шуд, ки барои нишасти муроҷиаткунандагон ва наздикони бемороне, ки ба ёдат меоянд, айвонҳои ҳудуди беморхона ва панҷараҳо рангубор, фаввораҳо ва курсию харакҳои нишаст пурра нав шаванд, инчунин дар назди онҳо қуттиҳои махсус барои партовҳо гузошта шаванд.
Ҳамчунин раиси ноҳия барои навсозии даромадгоҳи беморхона ва як таваққуфгоҳ барои мошинҳо масъулинро вазифадор намуд, ки дар наздиктарин фурсат лоиҳаи онро омода карда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter