Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ОФТОБИ РАҲМАТУ ОЯТИ МЕҲРУ ВАФО

16.03.2023 09:56

 
Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба муносибати Рӯзи Модар

Модарону бонувони арҷманд!
Хоҳарони азиз!
Ҳамаи шумо ва тамоми бонувону модарон ва хоҳарону духтарони ноҳияро ба ифтихори ҷашни фархундаи бонувон – Рӯзи модар аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам бо камоли мамнунияту эҳтиром табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию саодатмандӣ, файзу баракати зиндагӣ ва бахту иқболи баланди фарзандону пайвандонро орзумандам. Бигзор шумо – модарону бонувон ва хоҳарони азиз ҳамеша дар зиндагӣ хурраму фаррухдил ва ҷавону шукуфон бошед!
Дар партави сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Рӯзи Модар дар Тоҷикистони азизамон бо шукуҳу ҷалоли беназир ва нишони баланди иззату эҳтиром ба Зан – Модар ҷашн гирифта мешавад. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад.
Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст.
Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма мегирад ва бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор ба мо мебахшад, таҷлил менамоем.
Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.
Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз файзи меҳрубониҳои Пешвои миллат тақвияти ҷойгоҳ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат эълон гардид. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 1999 таҳти унвони «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» барои иштироки фаъолона ва ҳузури мунаввари занону модарон дар идораи давлат ва рушду пешрафти тамоми соҳаҳо шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам овард.
Доир ба нақши созандаи занону модарон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.
Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.
Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.
Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.
Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд».
Ба мисли тамоми модарону бонувони Тоҷикистон занону модарон ва хоҳарону духтарони ноҳия дар ободию шукуфоии Ватан ва таъмини пешрафти соҳаҳои ҳаёт нақши бузург доранд. Занону модарон ва хоҳарону духтарони Мастчоҳ бо нангу номус ва орияти баланд, ҳунару маҳорат, донишу таҷриба, иродаи матин ва дили пурмеҳру садоқату самимияти волои худ барои таъмини ҳаёти хушбахтона ва тарбияи шоистаи фарзандон, ободии диёр аз самими дил саъю талош менамоянд. Иродаи устувор, шуҷоату далерӣ, ҳиммату ғайрат, ҳунари баланд, махсусан лаззати нону таъоми занону модарони Мастчоҳ на танҳо дар мамлакат, балки тамоми ҷаҳон шуҳрат дорад. Чуноне, ки ҳафт сол пеш, моҳи марти соли 2016 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуда буданд: «Мардони Мастчоҳ ҳамеша бо номуси диёрдорӣ ва ғурури кӯҳистонии худ ифтихор мекунанд. Ва бояд гуфт, ки чунин ғуруру ифтихор, албатта, аз дили поку нияти нек ва нангу номуси занони Мастчоҳ сарчашма мегирад.
Зеро фарзанди боғайратро модари покдилу боҳиммат ба дунё меорад».
Бори дигар ҳамаи шумо, модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарону духтарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи модар ва фарорасии баҳор самимона табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо шодию роҳат, осоишу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек, файзу баракат таманно менамоям.
Ҷашни Рӯзи модар фархунда бошад, модарону хоҳарони азиз!


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter