МАСТЧОҲ: ТАҶЛИЛ РӮЗИ МОДАР

16.03.2023 09:57

 
Дар ҳамоиши идонае, ки имрӯз 7 март дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар баргузор гардид, раиси ноҳия Аъзам Ализода ва сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ иштирок намуда, занону бонувонро ба ифтихори ин рӯз табрику муборакбод намуданд.
Аъзам Ализода зимни суханронӣ аз мақому манзалати модарон ва нақши занону бонувон дар пешрафти ҷомеа, ҳаёти сиёсӣ ва ҳифзи хонавода ёдовар шуда, иброз дошт, ки зан ба унвони модар дар ҷомеаи суннатии мо ҷойгоҳи хосаеро доро мебошад.
Таъкид карда шуд, ки модар на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки такмилдиҳандаи пояи маънавию зеҳнии ҳар фард буда, дар раванди зиндагӣ барои азхуд намудани рукнҳои шоистаи фарҳанги оиладорӣ, ватандориву эҳтироми ҳамдигарӣ ва қадршиносиву пос доштани арзишҳои милливу динӣ саҳми арзанда мегузорад.
“Боиси ифтихору сарфарозии мо ва тамоми сокинони ноҳия аст, ки модарону бонувони Мастчоҳ ба мисли тамоми занону модарони мамлакат дар пешрафту ободии Ватан саҳми бузургу шоистаи худро мегузоранд. Занону модарон ва хоҳарону духтарони ноҳия бо маҳорату малоҳат, ғайрату шуҷоат, садоқату иффат ва нангу номуси баланди худ барои ободии диёр ва фардои дурахшони Ватан софдилона заҳмат мекашанд. Чунин ғуруру ифтихор, албатта, аз дили поку нияти нек ва нангу номуси занону модарони ноҳия сарчашма мегирад”,-иброз дошт Аъзам Ализода.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи занону бонувони ноҳия расонида, иброз дошт, ки бузургдошти Рўзи Модар дар қаламрави кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Модарон сарчашмаи беинтиҳои меҳру вафодорӣ ва меҳнатдўстӣ буда, дар пешрафти рўзгори фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерўи инсонӣ нақши арзанда мебозанд. Онҳо бо дарки масъулияти баланди ватандўстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлол, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа ҳамеша саъю талош менамоянд.
Дар охир барномаи пурмуҳтавои консертии бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter