Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАРДУМИ ДЕҲОТИ ПАЛДОРАК НАВРӮЗРО ҶАШН ГИРИФТАНД

16.03.2023 10:01

 
8 март дар ноҳияи Мастчоҳ аҳолии деҳоти Палдорак ба тантанаҳои наврӯзи ноҳия оғоз бахшиданд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар ҷашни Наврӯзи мардуми деҳоти Палдорак иштирок намуда, аҳолии ин деҳотро ба ин ҷашни фархундаи миллӣ табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки мардуми сарбаланди Палдорак бо шукргузори аз фазои сулҳу оромии кишвар нахустин шуда ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯзро бо риояи тамоми ойину анъанаҳои нек таҷлил менамоянд.
“Шумо мардуми сарфарозу иззатманди Палдорак ҷашни Наврӯзро ҳамчун ганҷинаи фарҳанги миллӣ аз ҳама пештар таҷлил менамоед. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”,-иброз дошт зимни суханронӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода.
Маврид ба зикр аст, ки мардуми деҳоти Палдорак ҳама сола ҷашни Наврӯзро дар Рӯзи Модар ҳамчун нишони иззату эҳтиром ба муқаддастарин мавҷуди олам – Зан – Модар таҷлил менамоянд.
Аъзам Ализода ҳамчунин бо ёдоварӣ аз суннату анъанаҳо ва аз нав эҳё гардидани ин ҷашни ниёгон зикр намуд, ки “Шукӯҳи минбаъдаи Наврӯзи Палдорак дар киштукор ва ғайрату ҳиммати кишоварзони он ифода меёбад.
“Боварии комил дорам, ки мардуми шарифи деҳоти Палдорак бо таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бештар саъю талош карда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои дар пеш истода саҳми шоистаи худро мегузоранд”, - таъкид намуд Аъзам Ализода.
Пас аз суханрониҳо Аъзам Ализода ба беҳтарин фа фаъолтарин раисони маҳаллаҳои деҳоти Палдорак ва варзишгароне, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, туҳфа ва Сипосномаҳо тақдим намуд.
Шоистаи зикр аст, ки мардуми Палдорак барои таҷлили ин ҷашн бо камоли муҳаббату садоқат омодагӣ мегиранд. Наврӯзгоҳро ороста ва дастархони идонаро омода мекунанд. Дар майдони гӯштигирӣ паҳлавонони деҳа ва варзишгарон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат, инчунин аз кишварҳои ҳамсоя ба ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter