Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАСТЧОҲ. ИҶЛОСИЯИ 14-УМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ (ДАЪВАТИ ШАШУМ) БАРГУЗОР ГАРДИД

16.03.2023 10:09

 
10 марти соли 2023 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия раиси ноҳия Аъзам Ализода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, вакилони халқ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва тасдиқи ҳайати котибот иҷлосия аз рӯи 9 масъала: Эътирофи ваколатҳои вакили навинтихобшуда аз ҳавзаи “Дӯстӣ” №20, Рафти иҷрои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дар сатҳи ноҳия, Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии “Навниҳол” №39, доир ба номгузории маҳал, Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Файзи Диёр” №40 Сурманов Элёр доир ба рафти ваколатҳои вакилиаш ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия ба кори худ оғоз кард.
Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Садорат Сафарзода баромад намуда, изҳор дошт, ки санаи 19 феврали соли 2023 дар ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ” №20 интихоботи миёнадаврӣ баргузор гардид, ки бо гирифтани раъйи бештари интихобкунандагони ҳудуди ҳавза номзад Саъдӣ Ниёззода вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ интихоб шуд.
Пас аз қабули қарори дахлдор доир ба эътирофи ваколатҳои вакили навинтихобшуда Саъдӣ Ниёззода дар назди вакилон савганди вакилӣ ёд кард.
Вобаста ба рафти иҷрои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дар сатҳи ноҳия Дилшод Зокирзода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Файзбор” №18 маърӯза намуда, изҳор дошт, ки дар асоси барномаи мазкур бо мақсади рушди забони давлатӣ нақшачорабиниҳо таҳия шуда, мавриди амал қарор доранд.
Таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур нақшаи амалисозии Барномаро иборат аз 22 банд таҳия ва қабул намуда, тибқи он комиссияи ноҳиявӣ оид ба татбиқи забони давлатӣ дар асоси бандҳои нақшачорабиниҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳо корҳои машваратӣ ба роҳ мондааст.
Муоивини раиси ноҳия иброз дошт, ки 28‐уми ноябри соли 2020, таҳти рақами 647 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 - 2030» ба тасвиб расида, мувофиқи он вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ муайян ва истифодаи он дар кишвар ба танзим дароварда шуд. Вазифаҳои қонуни мазкур аз он иборат аст, ки истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд. Тибқи қонуни мазкур мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароити мусоид фароҳам оваранд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад, бо забони софи тоҷикӣ озодона сухан гӯяд, ҳангоми нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба қоидаҳои имлоию грамматикӣ риоя намояд.
Вобста ба масъалаи мазкур музокиракунандагон вакил аз ҳавзаи интихоботии “Суғдиён” №28 Туфонов Баҳромбек вакил аз ҳавзаи интихоботии “Фирдавсӣ” №17 Абдурозиқ Раҷабзода пешниҳод намуданд, ки бо мақсади рушди забони давлатӣ маҳфилҳои алмию адабӣ ташкил карда шаванд.
Тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ шунида шуд.
Аз рӯи ин масъала Шодиев Азимбой, раиси комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Истиқлол” №11 маърӯза намуд.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ноҳия дар асоси талаботи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 апрели соли 1997, № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон», аз 06 феврали соли 2018, № 1005 «Дар бораи Конвенсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2030» ва қарорҳои дахлдори раиси вилоят ва раиси ноҳия корҳои муайян ба иҷро расиданд.
Дар доираи ин барномаҳо какил пешниҳод намуд, ки бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои барномавӣ ва стратегии давлат зарур аст, ки корҳои тарғиботӣ аз тарафи шахсони масъул ва сохторҳои дахлдор дар байни ҷавонон, хусусан ҷавонони бешуғл ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, занону духтарони хонашин ҷоннок карда шаванд.
Дар иҷлосия ҳамчунин масъалаи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Навниҳол” №39 Имомназарова Зарифа Манноновна бо сабаби иваз намудани ҷойи истиқомат ва таъйин намудани интихобот дар ҳавзаи мазкур, инчунин таъсиси Комиссияи ноҳиявии интихобот қарорҳои дахлдор қабул гардид. Таъкид карда шуд, ки дар ҳавзаи интихоботии “Навниҳол” №39 ба ҷои вакили хориҷшуда санаи 7 майи соли 2023 интихоботи миёнадаврӣ эълон карда шуда, ҳамзамон комиссияи ноҳиявии интихобот дар ҳайати 7 нафар тасдиқ гардад.
Дар идомаи кори иҷлосия вакилон ҳамчунин мактуби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои иваз намудани номи маҳаллаи “40-солагии Дилварзин”-и ҷамоати деҳоти Палдорак ба номи “Дилварзин” пешниҳоди ҳукумати ноҳия карда буданд, дастгирӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаи ҳаштуми иҷлосия вакил аз ҳавзаи интихоботии “Файзи Диёр”, №40 Сурманов Элёр оид ба иҷрои ваколатҳои вакилиаш шунида шуд. Вакил зимни маърӯза доир ба иҷрои босифати нуктаҳои барномаи пешазинтихоботии худ, суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагон, дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарпарастӣ, тадбирҷӯӣ ҷиҳати кумак ба оилаҳои камбизоат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба таври муфассал ҳисобот дод.
Бо тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия иҷлосия кори худро ба анҷом расонид.
Пас аз анҷоми кори иҷлосия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки барои ҷоннок намудани кори комиссияи ноҳиявӣ доир ба татбиқи забони давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҷиҳати бартараф намудани муаммову мушкилоти ҷойдошта, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагонии мардум ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар сокини ноҳия корбарӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода доир ба вусъат ва тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия ибрози андеша намуда, зикр намуд, ки баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём сарчашма мегиранд, дар назди масъулин вазифагузорӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки сокинону фаъолони ноҳия семоҳаи аввали соли 2023-ро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст менамоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter