Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи матбуот

16.03.2023 16:17

 
Муҳтарам аҳли қалам!
Рӯзноманигорон ва кормандони матбуот!
Ҳамаи шумо – рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳаи матбуотро ба шарафи Иди касбиатон – Рӯзи матбуоти тоҷик аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию саодатмандӣ, файзу баракати рӯзгор, иқболу толеи баланд, тамоми хушиҳои олам ва дар ҷодаи фаъолият файзи қалам ва нусрату комёбиҳои навинро таманно дорам.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 29 сол инҷониб, яъне аз соли 1994 ҳамасола санаи 11 март, таҳти сиёсати фарҳанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад.
Боиси таъкид аст, ки яксаду ёздаҳ сол пеш, маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 11 марти соли 1912 нахустин нашрияи тоҷикӣ бо номи “Бухорои шариф” ба нашр расидааст. Чопи ин нашрия барои баланд бардоштани маърифату огоҳӣ, донишу хирад, рушди фарҳангу маориф хизмат намуда, заминагузори пешрафти матбуоти минбаъдаи миллии мо гардид.
Бо файзу шарофати Истиқлоли давлатӣ давраи нави пешрафту шукуфоии матбуот фаро расид. Барои рушди соҳа пеш аз ҳама заминаҳои қавии ҳуқуқию маънавӣ ва шароити созанда муҳайё шуд.
Қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» таконбахши фаъолияти ҳамаи самтҳои матбуоти тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.
Тибқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст.
Доир ба ҷойгоҳ ва нақши созандаи матбуоти даврони Истиқлол Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “матбуоти мо ба хотири муттаҳид кардани тамоми қувваҳои солими ҷомеа, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи демократӣ, инкишоф додани иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии давлати тозаистиқлоли мо фаъолияти муассир нишон дод.
Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият, дар даврони истиқлол тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он софдилона ва содиқона хизмат менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд”.
Ҳоло дар фазои иттилоотии ноҳия нашрияҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо номи “Машъал”, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳти унвои “Нигоҳи халқ” ва ҳамчунин нашрияи “Суханвар” ба сифати минбари аҳли мактабу маориф фаъолият менамоянд, ки дар саҳифаҳои онҳо набзи воқеии таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии ноҳия, вазъи соҳаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, тандурустӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ мунтазам инъикос меёбад. Сарварии нашрияҳои “Машъал” ва “Нигоҳи халқ”-ро рӯзноманигорони ҷавону пешрав Фитрати Ҳикмат ва Муллошукури Шокирзода ба уҳда доранд, ки анъанаҳои неки пирону собиқадорони матбуоти Мастчоҳ устодон Усмон Олим, Мирзоҳамдам Шарифзода, Мирзо Шукурзода, Ҷӯра Юсуфӣ, Аъзам Хуҷаста, Маликнеъмати Неъматзода, Кучак Қурбонов, Олимхон Исматӣ, Саодатхоҷа Солеҳзода, Арбоб Қурбон, Қурбон Сайфуллоев, Ҳасанҷон Ҳасанов, Абдумалик Зуҳурӣ, Зикриё Дилшод, Нуъмон Раҷабзода, Шоҳмансури Шоҳмирзо, Абдувосит Салимзода, Одина Баротиро идома медиҳанд. Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва адабию публистии устод Эралӣ Жиянбоев аз деҳоти Навбаҳор ба забони ӯзбекӣ ва тарбияи шогирдони сазоворашон барои рушди матбуоти ӯзбекзабони Тоҷикистон самараи пурфайз ба бор овардааст.
Номи нек ва хотираи рӯзноманигорону публисистони асилу ҷонфидо, шодравонҳо Ёқуб Қобилов, Мулло Боқӣ, Саидолим Акрамов, Мирзо Боқӣ, Карим Абдулов, Абдураззоқ Салимзода, Шоҳмирзо Хӯҷаев, Абдуқодири Абдуллохон, Абдулло Фозил ҳамеша фурӯғафрӯзи дилҳо мебошад.
Аз баракати озодию истиқлол дар ҳудуди ноҳия телевизиони “Мастчоҳ” фаъолият менамояд, ки нақши он дар таъмини фазои солими иттилоотӣ ва инъикоси дастоварду комёбиҳо хеле назаррас мебошад.
Ҷиҳати пешрафти ҳамаҷонибаи воситаҳои ахбори омма ва қадрдонии аҳли қаламу матбуот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми тадбирҳои имконпазирро равона менамояд.
Боварии комил дорам, ки кормандони матбуот, махсусан рӯзноманигорон ва аҳли қалами ноҳия дар иҷрои рисолати пуршарафи худ бо фаъолияти софдилонаву ватандӯстона баҳри ободии диёр саҳми шоиста мегузоранд.
Бори дигар Рӯзи матбуоти тоҷикро ба ҳамаи кормандони соҳа самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, саодати зиндагӣ ва комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ таманно дорам.
Иди матбуоти тоҷик фархунда бошад!


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter