ҚАДРШИНОСИИ РӮЗНОМАНИГОРОН

16.03.2023 16:33

 
Санаи 11 март дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 111-солагии матбуоти тоҷик баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода рӯзноманигоронро ба иди касбияшон табрик намуда, иброз дошт, ки мутбуот ҳамчун оинаи рӯзгор ва муҳимтарин рукни ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он софдилона ва содиқона хизмат намуда истодааст.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ бо таваҷҷуҳ ба рисолати имрӯзи матбуот ва хидматҳои шоистаи рӯзноманигорон таъкид намуд, ки васоити ахбори умум дар ҳама давру замон на танҳо яке абзорҳои қавии созандагии фарҳанги сиёсӣ ва тафаккури аҳли ҷомеа буд, балки ба унвони муассиртарин василаи ҳидояти ҷомеа барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ нақши боризи худро гузоштаанд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати пешрафти ҳамаҷонибаи воситаҳои ахбори омма ва қадрдонии аҳли қаламу матбуот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми тадбирҳои имконпазирро равона менамояд.
Дар охир аз ҷониби раиси ноҳия Аъзам Ализода як зумра рӯзноманигорон барои фаъолияти пурсамар дар инъикоси воқеъбинонаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ва тарғиби дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолии кишвар бахшида ба 111 - солагии нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” ва Рўзи матбуоти тоҷик бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter