Баргузории тантанаҳои наврӯзӣ дар АХД “Файзи Султонов”

16.03.2023 16:50

 
11 март аҳолии иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи Султонов”-и ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Наврӯзи фархундапайро ҷашн гирифтанд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар тантанаҳои идона аҳолии ин деҳот иштирок намуда, сокинонро ба муносибати фарорасии ҷашни аҷдодӣ – Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфт.
Гуфта шуд, ки бо шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз – ин ойини фархундаи ниёгонамон аз нав эҳё шуда, он ҳамчун яке аз идҳои ҷаҳонӣ эътироф ва мақоми байналмилалӣ гирифтааст.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ аз соҳибкорон, кишоварзон ва мардуми хайрхоҳу саховатпеша даъват ба амал овард, ки дар кишту кор ғайрату ҳиммат намуда, ҳамзамон дар рушду ободии диёр саҳми шоистаи худро гузоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter