Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура

16.03.2023 16:52

 
Муҳтарам кормандони мақомоти прокуратура!
Ҳамасола санаи 14-уми март дар остонаи ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯзи дилафрӯз иди касбии кормандони мақомоти прокуратура таҷлил карда мешавад, ки нишони эҳтиром, рамзи ихлосу самимият ва қадрдонию қадршиносӣ аз заҳматҳои фидокоронаи кормандони соҳа дар таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ мебошад.
Шоистаи зикр аст, ки фаъолияти мақомоти прокуратура дар даврони Истиқлолият бо шаъну эътибори баланди худ дар таъмини иҷрои якхелаи қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳифаҳои пурифтихору зарини давлатдории миллии навини тоҷиконро ташкил медиҳад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мақомоти прокуратура дар низоми идоракунии давлатӣ яке аз ниҳодҳои муҳим буда, дар ҷомеа нақш ва мавқеи хоси худро дорад. Конститутсия ба зиммаи онҳо вазифаҳои таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вогузор намудааст».
Дар таъмини рисолати касбӣ баҳри волоияти Конститутсия ва қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, вусъати раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти прокуратура ҳамеша саҳми шоиставу ватандӯстонаи худро гузошта истодаанд, ки ин аз садоқати баланд ва фаъолияти пурмаҳсулу софдилонаи онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ роҳбарият ва кормандони мақомоти прокуратураи ноҳия ва тамоми кишварро ба муносибати таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатию саодатмандӣ, файзу баракати зиндагӣ, хонаободӣ ва дар ҷодаи фаъолият пешравию комёбиҳои бузургро таманно дорад.
Иди касбӣ муборак, ҳомиёни адолату қонун!


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter