МАСТЧОҲ. КОРҲОИ САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД

16.03.2023 16:53

 
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бо мақсади сабзкорӣ ва ободу хуррам гардонидании ноҳия ва баланд бардоштани маърифати зебоипарастию солимгардонии муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои сабзу хуррамгардонӣ вусъати тоза мегиранд.
Бо ин мақсад, имрӯз бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист ва КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Мастчоҳ” беш аз 2200 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои зебою ороишӣ дар майдону гулгаштҳои шаҳраки Бӯстон шинонида шуданд.
Ба иттилои масъулини соҳа ҷиҳати дастрас намудани ниҳолони саяафкану ороишӣ ва дар ин замина ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбинишудаи кабудизоркунӣ мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида шуда, ҳамзамон барои афзун намудани шумори дарахтону ниҳолон дар боғҳои фароғатӣ заминаҳои мусоид фароҳам мебошад.
Корҳои кабудизоркунию шинонидани гулҳои рангоранг ва дарахтони ороишию сояафкан тибқи нақша дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter