Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Соҳибкорони Хатлон аз корхонаҳои истеҳсолии Мастчоҳ дидан карданд

16.03.2023 16:55

 
15 март ҳайате аз соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии вилояти Хатлон меҳмони ноҳияи Мастчоҳ шуданд.
Меҳмононро раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва дигар шахсони масъул дар назди муҷассамаи “Пахтаи шукуфон” хушу самимона пазироӣ намуданд.
Соҳибкорони хатлонӣ давоми рӯз аз корхонаҳои истеҳсолӣ, фермаҳои чорводорӣ ва муассисаҳои фарҳангии ноҳия дидан карда, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, фаъолияти гармхонаҳо ва парвариши чорвои хушзоту мурғҳои гуштӣ шинос гардиданд.
Сараввал меҳмонон аз корхонаи коркарди ширии “Нури Сафар” дидан намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи коркарди шири “Нури Сафар” филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Комбинати шири Душанбе” дар ноҳияи Мастчоҳ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ин корхона моҳи сентябри соли 2020 дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Масоҳати умумии корхона 2 гектарро дар бар гирифта, он дорои ду бинои асосӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Корхонаи мазкур бо мақсади коркарди шири маҳаллӣ ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ширӣ хатти нави технологӣ, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунёст, ба корхона дастрас ва васлу насб карда шуд.
Бояд гуфт, ки корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ширро аз аҳолӣ харида, аз он 15 намуди маҳсулоти босифати ширӣ, аз ҷумла равғани маска, панир, сметана, қаймоқ, ҷурғот, чакка, кефир ва фаллаи шир истеҳсол менамояд.
Зимни боздид ба соҳибкорони хатлонӣ иттилоъ дода шуд, ки корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 7,5 то 8 тонна шир коркард намояд. Ҳамчунин дар корхона дар баробари коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата низ ба роҳ монда шудааст, ки асосан барои маҳсулоти ширии худи ҳамин коргоҳ пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни шиносоӣ махсусан истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба худ ҷалб карда, дар робита ба ин ду соҳибкор аз вилояти Хатлон бо роҳбарияти корхонаи коркарди шири “Нури Сафар” барои дастрас намудани зарфҳои пластикӣ шартномаи ҳамкорӣ бастанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаи мазкур дар соли сипаришуда ба миқдори 777 ҳазору 700 сомонӣ расида, истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата бошад, ба 3 млн.401 ҳзр.100 дона расонида шудааст.
Дар идомаи сафар ҳамчунин меҳмонон аз корхонаи коркарди чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар» дидан карданд.
Бояд гуфт, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Ниёз Ниёзов ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, он метавонад дар як сол то 4000 тонна маҳсулот коркард намояд. Барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҷониби муассиси корхона таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ва Туркия ворид карда шудааст. Ба соҳибкорон иттилоъ дода шуд, ки бо ба кор андохтани корхонаи нав коркард ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси омӯзиши бозор ба роҳ монда шуда, дар оянда содироти маҳсулоти тайёр низ ба нақша гирифта шудааст.
Соҳибкорони вилояти Хатлон дар ҷараёни сафар инчунин дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ аз фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” боздид ба амал оварданд. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар ин ферма парвариши шутурмурғ, чорвои хушзот ва мурғи гӯштӣ ба роҳ монда шудааст. Муассиси корхона дар як вақт дар замини кишоварзии ферма фаъолияти гармхонаро ба роҳ мондааст, ки ҳама сола маҳсулоти тару тозаи сабзавот, хусусан помидор ва бодирингро ба фурӯш мебарорад.
Дар идома боздид соҳибкорон ба фаъолияти бузургтарин корхонаи ресандагии ноҳия “Арвис Зелал Текстайл” (собиқ "Олимтекстайлз") аз наздик шинос шуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта шудааст. Дар ин корхона айни замон дар як вақт беш аз 250 нафар, аз ҷумла занону бонувони ноҳия ба кор ҷалб шудаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона дар 2 моҳи соли равон ба 12 млн. 573 ҳзр. 900 сомонӣ расидааст.
Пас аз шиносоию боздидҳо соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои самарабахшро байни корхонаю ширкатҳои тиҷоратии ноҳияи Мастчоҳ ба роҳ мемонанд.
Дар поёни ин сафар соҳибкорон ҳамзамон аз боғи фарҳангию фароғатии “Тоҷикистон” ва Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ дидан карда, акси хотиравӣ гирифтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter