Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ КИШТИ ПАХТА ОҒОЗ ШУД

07.04.2023 09:55

 
18 марти соли равон кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ ба кишти пунбадона оғоз карданд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар маъракаи кишти пахта ширкат варзида, бо пирони рӯзгор ва масъулини соҳаи кишоварзӣ суҳбат намуд.
Бо дуои пирони рӯзгор дар хоҷагии деҳқонии “Пахтакор” ба кишти пахта оғоз бахшида шуд. Имсол дар ин хоҷагӣ дар майдони наздик 40 гектар пахта кишт карда шуда, аҳли заҳмати хоҷагӣ бо ҳавасмандии зиёд ва умед ба ҳосили фаровон дар замин меҳнат мекунанд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо кишоварзон барои оқилонаю самаранок истифода бурдани замин дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ҳамзамон барои идомаи бомуваффақонаи корҳои саҳроӣ ба аҳли заҳмати хоҷагӣ барору комёбиҳо хост.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ соли равон дар майдони 19546 гектар гузаронидани кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз он 12350 гектарашро кишти пахта, 2000 гектар зироатҳои равғандор, 1551 гектар кишти ғалладонагиҳо, 2600 гектар полезӣ, 125 гектар картошкаи барвақтӣ, 180 гектар сабзавот ва 740 гектар зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад.
Барои сари вақт гузаронидани кишт дар ноҳия 1240 тонна чигит захира карда шудааст.
Барои кишти пахта, дар соли 2023 аз ҳисоби ҳосили соли 2022 дар корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия зиёда 1000 тонна тухмӣ истеҳсол ва ба хоҷагиҳои деҳқони дастрас карда шудааст. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ноҳия беш аз 200 тонна пунбадонаи тухмӣ аз навъҳои “Иншай-2”, “Дӯстӣ”, “Инхай” ва “Бухоро-102” берун аз ноҳия ворид карда шуд. Ғайр аз ин барои кишти дигар зироатҳои баҳорӣ захираи эътимодбахши тухмиҳо захира шудааст.
Вобаста ба ҳолати техникаҳои кишоварзӣ ба ҳолати имрӯз дар ноҳия 545 адад трактор ва беш аз 1200 адад олотҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла 103 адад тухмипошакҳои пахтакорӣ мавҷуд аст, ки барои кишту кори имсола дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки давоми рӯз раиси ноҳия Аъзам Ализода аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дидан намуда, ба рафти кишти пахта дар ин хоҷагаҳои деҳқонӣ аз наздик шинос шуд. Ба раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мутахассони соҳа дастур дода шуд, ки ҳар ваҷаб заминро оқилонаю самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми шоистаи худро гузоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter