ДАР МАРКАЗИ ТАШХИСӢ-ТАБОБАТИИ “СИНО” НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

07.04.2023 09:57

 
19 март дар Маркази ташхисию табобатии “Сино”-и ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, аҳли адаб, зиёиён, собиқадорони хизмати давлатӣ ва табобатгирандагон Наврӯзи хуҷастапай ботантана ҷашн гирифта шуд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар чорабинии наврӯзии маркази ташхисию табобоатӣ ширкат варзида, ҳозиринро ба фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфт.
Изҳор карда шуд, ки ҷашни Наврўз тарғибгари дўстиву рафоқат ва иттиҳоду ҳамдилӣ буда, на танҳо арзишҳои инсондўстиву худшиносии миллиро ифода мекунад, балки фарҳанги миллии моро бомаром мукаммал ва маънии тоза мебахшад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Маркази ташхисию табобатии “Сино”-и ноҳияи Мастчоҳ беш аз даҳ сол инҷониб фаъолият дошта, аз саросари мамлакат ва кишварҳои ҳамсоя низ одамон барои табобату истироҳат ба ин муассиса меоянд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ ва васеъ намудани доираи фаъолият роҳбарияти марказ Боймаҳмад Султонов бинои иловагии табобатгоҳро бунёд намудааст.
Бинои иловагии марказ аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуму дуюми бино таҳлилгоҳ, дар ошёнаи сеюм 34 кат ва ошхона бо 40 ҷой ҷойгир карда шудааст. Барои бинои иловагии марказ таҷҳизоти тибии муосир аз давлатҳои Чин, Корея ва Россия ворид карда шуда, муоина ва табобати беморон дар сатҳи баланд ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter