СОКИНОНИ ДЕҲАИ РОҒ НАВРӮЗРО ҶАШН ГИРИФТАНД

07.04.2023 09:59

 
19 март мардуми деҳаи Роғи Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо густурдани хони наврӯзӣ ва оростони майдони гӯштигирӣ Наврӯзро бо иштироки садҳо нафар паҳлавонони номӣ аз гӯшаву канори мамлакат ва кишварҳои ҳамсоя ва садҳо нафар тамошобин пуршукӯҳ таҷлил намуданд.
Дар таҷлили ин ҷашни хуҷастаи миллӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ширкат варзида, сокинони ин деҳаро бо фарорасии Наврӯз табрик гуфт.
Таъкид шуд, ки ҷашни Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо мебошад, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстона, дўстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободии диёр саҳми шоиста гузошта, дар кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ аз пешсафони ноҳия бошанд.
Пас аз сухани табрикӣ варзишгарони навраси деҳаи Роғ, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриву байналмилалӣ ғолибият ба даст оварда буданд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонда шуданд.
Шостаи зикр аст, ки мардуми деҳаи Роғ дар ободонии ноҳия ва бунёди як қатор иншооти муҳим саҳми шоиста доранд. Соҳибкорони муваффақи ин диёр бо азму талоши қавӣ ҳамеша дар фикри ободӣ ҳастанд ва бо дилу нияти пок ва садоқатмандию поквиҷдонӣ барои диёри худ хизмат намуда истодаанд.
Паҳлавонони тануманд бо часпу талошҳо зимни қувваозмоӣ дар майдони гӯштигирӣ Наврӯзи Роғро боз ҳам шукӯҳмандтар карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter