Хоҷагиҳои деҳқонии “Зарафшон” ва “Ҳоҷӣ Амиров” Наврӯзро ҷашн гирифтанд

07.04.2023 10:01

 
20 март сокинони хоҷагиҳои деҳқонии “Зарафшон” ва “Ҳоҷӣ Амиров”-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо руҳияи баланди миллӣ Наврӯзи оламафрӯзро ҷашн гирифтанд.
Дар чорабинии идонаи сокинон раиси ноҳия Аъзам Ализода иштирок намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни миллӣ – Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод гуфт.
Зикр карда шуд, ки Наврӯзи бостонӣ, ки хусусияти барҷастаи он ҷашни хурсандии хурду бузург, яъне тамоми мардум мебошад, дар кишвари мо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо рамзу ойинҳои бисёр дерина ва рангу таровати басо дилчаспу зебандаи худ эҳё гардида, ба яке аз дӯстоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки эҳёи ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, тарғиби мунтазами суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи онҳо ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарин мебошад.
Дар бештари тантанаҳои наврӯзии сокинони ноҳияи Мастчоҳ асосан гуштии камарбандӣ барпо гардида, ҷавонони тануманду паҳлавон майдондорӣ мекунанд. Дар майдони наврӯзии сокинони хоҷагиҳои деҳқонии “Зарафшон” ва “Ҳоҷӣ Амиров” меҳмонон ва паҳлавонон аз гӯшаву канори мамлакат ташриф оварда, дар ин гуна мусобиқаҳо нерӯву тавонмандии худро санҷида, ғолибонашон бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Қувваозмоии паҳлавононро ҳазорон нафар пиру барнои ноҳия гирди хони наврӯзӣ нишаста бо завқ тамошо мекунанд.


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter