Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ АЪЗАМ АЛИЗОДА БАХШИДА БА ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “НАВРӮЗ -2023”

07.04.2023 10:04

 

Ҳамдиёрони азиз!

Бо камоли шодию ифтихор Иди байналмилалии Наврӯзи дилафрӯзро ба ҳамаи шумо ва тамоми сокинони мамлакат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию умри дароз, ризқи фароз, хуррамдилию саодатмандӣ, хонаободӣ ва бахту иқболи наврӯзиро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойгоҳи ҷашни Наврӯз дар сарнавишти миллат чунин таъкид кардаанд: “Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.

Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.

Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем”.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ҳидоятҳои фарҳангии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни Наврӯз мазмун ва моҳияти нав гирифт. Он ҳамчун тантанаи бунёдкорию ободонӣ ва созандагӣ, навиди ҳамбастагию иттиҳод ва ганҷинаи фарҳанги миллӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба суйи фардои дурахшон раҳнамун месозад. 

Наврӯзи даврони Истиқлол дурдонаи ваҳдату ифтихори миллӣ, замзамаи суруди самимияту муҳаббат ба Ватан ва саъю талоши пайвастаи мардуми Тоҷикистон барои таъмини саодати ҳаёт мебошад.

Озодагию ободкорӣ ва тозагию сабзкорӣ ҷавҳари таҷлили ҷашни Наврӯзро ташкил медиҳад. Дар арафаи ин ҷашни фархунда сокинони мамлакат хонаву кошона ва кӯчаву маҳалла, инчунин ботину зоҳири худро низ покиза месозанд. Мазраи дилҳои бо насими меҳру вафо ва сидқу сафо сарсабз мегардонанд. Бинобар ин, Наврӯз ҳамчун ҷашни башардӯстӣ ва бузургдошти инсоният дар фарҳанги ҷаҳонӣ мақоми барҷаста дорад. 

Наврӯзи фархундапай ҳамчун айёми дақиқи баробаршавии шабу рӯз ва сарсабзии табиат ҷашни  кишоварзону заркорони файзбахшу рӯзирасон ба шумор меравад. Аз ин ҷиҳат, Наврӯз даврони кишту кори баҳорӣ ва вусъати фаъолияти пурбаракати деҳқонони асил аст. Дар айёми таҷлили Наврӯз дасти сахо кушодан ба оилаҳои муҳтоҷу камбизоат, аёдати пирону барҷомондагон ва навозиши ятимон беҳтарин анъанаи неки ниёгон мебошад. 

Аз ин рӯ, боварии комил дорам, ки саховатпешагону соҳибкорони бонангу номуси  ноҳия дар рӯзҳои ҷашн бо хайру сахои худ қалби муҳтоҷону камбизоатонро хурраму шодмон менамоянд.

Ҳазорсолаҳо инҷониб, тоҷикон ва мардуми кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни оламафрӯзро бо умеди рӯзи наву рӯзгори нав ва ноил шудан ба дастовардҳои шоиста дар рӯзгори худ таҷлил менамоянд. 

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мо Наврӯзи имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари мамлакат кору пайкори созандагӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон идома дорад.

Мардуми сарбаланди мо хуб медонанд, ки истиқлоли воқеиро танҳо бо заҳмати созанда, тафаккури пешрафта, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард ва таҳкиму тақвият бахшид.

Ин рисолати таърихӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дар шароити ниҳоят ҳассос ва авзои мураккаби сиёсиву низомии ҷаҳони имрӯза бар дӯши мову шумо, яъне ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа вазифаҳои басо душвор, пурмасъулият ва тақдирсоз мегузорад.

Дар шароити бавуҷудомадаи кунунӣ мо бояд барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватани муқаддасамон ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон омода бошем”. 

Аз ин рӯ, мову шуморо лозим аст, ки бо таҷлили Наврӯзи дилафрӯз барои татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ғайрату кӯшиши худро равона карда, диёри файзбори хешро боз ҳам ободу зебо ва бӯстону баҳористон гардонем. 

Иди байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро бори дигар ба ҳамаи шумо табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, саодатмандӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро  орзумандам. 

Таманнои онро дорам, ки бигзор, ҳар рӯзи умратон Наврӯз ва Наврӯзатон фархундаву фирӯз бод!

Ҷашни Наврӯз муборак!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter