Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

НАВРӮЗ - ҶАШНИ НАВИДИ ҲАМБАСТАГИЮ ИТТИҲОД ВА ГАНҶИНАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

07.04.2023 10:08

 

21 марти соли 2023 сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо шукргузори аз файзу баракати истиқлол ва нозу неъмати фаровони наврӯзӣ Наврӯзи хуҷастапайро пуршукуҳ ва шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд.

Наврӯзи оламафрӯз дар Варзишгоҳи марказии ноҳия таҷлил гардид.

Дар майдони варзишгоҳ хаймаҳои наврӯзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ороста шуда,  дар онҳо рӯи хони идона маҳсули дастпухти бонувони ноҳия: нону фатир ва кулчаю қалмол, ҳафтсину ҳафтшин ва хӯрокҳои миллӣ ороставу пироста гардида, ба қабули меҳмонон омода буд. 

Ба табрики сокинони ноҳия сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Аминҷон Абдуллозода ташриф оварданд.

Нахуст меҳмонон бо ҳамроҳии раиси ноҳия Аъзам Ализода аз хаймаҳои идонаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо дидан карда, ба ташкили хони наврӯзӣ ва пухтани таомҳои миллӣ, аз қабили кашки шабдегӣ, суманак, қурутоб, оши ба дӯғ, умоч ва нону фатирҳои болаззат баҳои баланд дода, ба бонувону кадбонуҳои пурҳунар таҳсину офаринҳо хонданд.

Баъдан, Илҳомҷон Оймуҳаммадзода сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сокинони ноҳияро аз номи Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборак бод намуда, афзуд, ки бо ташкили корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия ин ба таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни сокинон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии онҳо мусоидат менамояд.

“Аз Наврӯз то Наврӯз дар тамоми маҳаллаву деҳаҳои ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва азнавсозии иншооти ҷашнӣ ҷараён гирифтааст. Дар соли ҷашнӣ дар ноҳия даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардиданд, ки натиҷаи ин заҳмати мардуми сарбаланди Мастчоҳ мебошад. Бо умеду боварӣ гуфта метавонем, ки мардуми шарафманди Мастчоҳ ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро низ бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд”,-иброз дошт зимни суханронӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Сипас, Аминҷон Абдуллозода паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, таъкид дошт, ки “яке аз муҳимтарин суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшидани гуноҳи якдигар, навозишу дастгирии ятимону маъюбон, аёдати падару модар, беморону калонсолон, боз намудани дасти хайру саховат ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ ва дармондаву ниёзманд ташкил медиҳад. Мо идомаи ин суннатҳои наҷибро ҳангоми сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон ва доир намудани мулоқоту вохўриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамасола мушоҳида мекунем. Аз ҷониби дигар, боиси қаноатмандист, ки ин суннати дерина ва анъанаи неки ниёгонамон аз ҷониби ворисони ин фарҳанги бузург, махсусан шахсони саховатманд низ идома ёфта истодааст.”

Сипас раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад.

“Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ҳидоятҳои фарҳангии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни Наврӯз мазмун ва моҳияти нав гирифт. Он ҳамчун тантанаи бунёдкорию ободонӣ ва созандагӣ, навиди ҳамбастагию иттиҳод ва ганҷинаи фарҳанги миллӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба суйи фардои дурахшон раҳнамун месозад. Наврӯзи даврони Истиқлол дурдонаи ваҳдату ифтихори миллӣ, замзамаи суруди самимияту муҳаббат ба Ватан ва саъю талоши пайвастаи мардуми Тоҷикистон барои таъмини саодати ҳаёт мебошад.”,- афзуд зимни ироаи номаи табрикӣ Аъзам Ализода.

Пас аз анҷоми суханрониҳо сарояндаҳои шинохтаи кишвар – Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон  Муродбеки Насриддин ва Лола Азизова, инчунин сарояндагони маҳбуб Шодмон Сулаймонӣ ва аҳли санъати бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои ҷаззобу дилнишини худ табъи иштирокдоронро болида гардониданд. 

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter